Тоҷикистон аз ибтидои соли ҷорӣ воридоти орду гандумро коҳиш додааст. Бар асоси гузориш Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар аввалин моҳи соли ҷорӣ воридоти орд нисбат ба соли 2022 ҳудуди 24.7 дарсад ва воридоти гандум 18 дарсад коҳиш ёфтааст.
Тибқи додаҳои ин манбаъ, дар ин муддат беш аз 2.7 ҳазор тон орд ворид шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24.7 дарсад коҳиш доштааст. Ҳаҷми воридоти орд низ баробар ба 865 ҳазор доллар будааст.
Ҳамчунин дар ин муддат ҳаҷми воридоти гандум нисбат ба соли гузашта коҳиши 18 дарсадӣ доштааст.
Дар январи соли ҷорӣ ҳудуд 66.2 ҳазор тон гандум ба арзиши 20.6 миллион доллар ба ҷумҳурӣ ворид шуд, ки Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи аслии орду гандуми бозори Тоҷикистон аст.
Мақомоти марбути кишвар иддао мекунанд, ки то кунун ҳудуди 90 дарсади ниёзи дохилии Тоҷикистон барои орд аз тариқи тавлиди дохилӣ таъмин мешавад.