Ситоди кулли артиши Укроин эълон кард дар пайи як ҳамлаи мушакии артиши ин кишвар ба мақари сарбозону афсарони рус дар он қисми вилояти Запорож, ки таҳти тасарруфи Русия аст, ҳади ақал 100 нафар куштаву захмӣ шудаанд. Гуфта мешавад байни онҳо 15 кормнади ФСБ низ ҳузур доштанд.
Ҳамчунин, дар ҳоле, ки мақомоти Русия ба кушта шудани се низомии ин кишвар дар натиҷаи ҳамлаи паҳподии Укроин бар як пойгоҳи бомбафкани Русия эътироф карданд, аз корбарони рус ва укроинӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ иддао кардаанд, ки чандин ҳавопаймои Русия дар ин ҳамла тахриб шудаанд. Чанд аксе ҳам дар ин маврид нашр шудааст.
Журналисти рус Владимир Зоркин навиштааст, ки дар натиҷаи ҳамлаи паҳмодии Укроин ба фурӯдгоҳи ниҳомии Энгелс 5 ҳавопаймои ҷангии Ту-95мс зарар дида ва 17 нафар куштаву 26 нафар захмӣ шудаанд.
Вазорати дифоъи Русия гуфта буд, ки ин паҳподро дар пойгоҳи ҳавоии Энгелс сарнагун карда ва ҳеҷ ҳавопаймое осеб надидааст.
Мисли ҳамеша, Укроин масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда нагирифтааст.
Пойгоҳи ҳавоии Энгелс аз пойгоҳҳои стратегии Русия ба шумор меравад ва дар 650 километрии шимоли шарқи марзи Укроин, дар дохили хоки Русия қарор дорад.
Киев мегӯяд, ки Русия дар моҳҳои ахир аз ин пойгоҳ барои ҳамла ба зерсохтҳои ғайринизомии Укроин истифода кардааст. Ин кишвар аммо мисли ҳамеша масъулияти ҳамлаи паҳподиро ба ӯҳда нагирифт.
Дар моҳи декабр низ ҳамлаи мушобеҳӣ ба ин пойгоҳ сурат гирифт.