Рубрики Хабарҳо

Изҳори нигаронии ПМТ аз сафари қарибулвуқӯъи Раҳмон ба Аврупо

Паймони миллии Тоҷикитстон, эътилофи мухолифини тоҷик дар хориҷ бо пахши изҳороте аз сафари қарибулвуҷӯъи Эмомалӣ Раҳмон ба ИМА ва Аврупо изҳори нигаронӣ намуда, иҷозаи сафар ба дикторурро кумаки кишварҳои озод дар “таъқиби дигарандешон” ва нишон додани чароғи сабз ба ӯ “дар содир кардани ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон” номидааст.

Эътилофи мухолифин ҳамчунин аз афзоиши теъдоди посухҳои рад ба паноҳҷӯёни сиёсии тоҷик ваҳолатҳои истирдоди онҳо ба Тоҷикистон изҳори шадиди нигаонӣ карда, аз кишварҳои Аврупо, бухусу Олмон хостааст Абдуллоҳи Шамсиддинро ба назди ҳамсару фарзандонаш баргардонанд. 

Матни изҳороти ПМТ дар мавриди сафари Раҳмон ба ИМА ва Аврупо ба шакли зер аст:

Тибқи иттилоъи баморасида, Эмомалӣ Раҳмон нақша дорад аз 21.03.2023 то 29.03.2023 ба Аврупо ва ИМА сафари корӣ анҷом диҳад. Ин сафар ба қаламрави кишварҳое, мисли Олмон, Бритониёи Кабир ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки асоси бунёдинашон арзишҳои демократӣ эълон шудааст, сурат мегирад. Ин дар ҳолест, ки аз ҷиноятҳои бесобиқаи зиддибашарии Раҳмон дар Бадахшон камтар аз як сол мегузарад. Маҳз бо фармони ӯ даҳҳо нафар дар гирдиҳамоиҳои осоишта дар Вамару Хоруғ кушта шуда, даҳҳо нафари дигар мавриди шиканҷаи бераҳмона қарор гирифтанд. Дар  соатҳо ва  дақиқаҳое, ки Раҳмон дар кишварҳои озод истиқбол мешавад, дар зиндонҳои вай ба шиканҷаи садҳо дигарандешон идома хоҳанд дод. Аммо Раҳмон ин сафарашро чун шавоҳиди дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматаш ба намоиш мегузорад. 

Мо ҳамчунин нигарони  афзоиши посухҳои рад ба дархости  паноҳандагии дигарандешони тоҷик  дар Аврупо мебошем. Ба онҳо хатари ихроҷ шудан ба Тоҷикистоне  таҳдид мекунад, ки шомили даҳгонаҳои кишварҳои ғайридемократӣ ва репрессивӣ мебошад ва шиканҷа механизм ва василаи асосии  мақомоти тафтишотӣ барои гирифтани эътироф ва “шавоҳид”-и лозима гардидааст. Дар ин шароит  ихроҷ кардани паноҳҷӯёни сиёсӣ баробар ба истирдод ва ҳамбастагӣ бо режими диктарорӣ аст. 

Барои намуна, шаҳрванд Ҳизбулло Шовализода дар таърихи 05.03.2020 аз Австрия ба Тоҷикистон ихроҷ шуд. Дар он ҷо ӯ баъди шиканҷаи шадид ва эътирофи маҷбурӣ ба дурӯғ ба 20 соли зиндон маҳкум шуд. Ахиран, Абдуллоҳи Шамсиддин — писари яке аз роҳбарони эътилофи нерӯҳои мухолифи тоҷик — Паймони Миллии Тоҷикистон, низ дар таърихи  18-уми январи соли 2023 аз Олмон ихроҷ шуд. Аз рӯзи ихроҷ  ва супорида шуданаш ба дасти КДАМ-и Тоҷикистон ӯ ба ҳайси гаравгон дар инзивои куллӣ нигоҳ дошта мешавад, аз тамоми ҳуқуқҳо маҳрум аст ва мавриди шиканҷаи равониву ҷисмонӣ қарор гирифтааст. Супоридани паноҳандагони сиёсӣ аз ҷониби кишварҳои демократӣ ба режими диктатории Раҳмон ҳисси бехатарии гурезагонро аз байн мебарад ва чунин эҳсосеро бармеангезад, ки онҳо ҳатто дар Аврупо гаравгони ҳукумати Раҳмонанд.

Паймони Миллии Тоҷикистон бо изҳори нигаронии ҷиддӣ  дар ин робита, аз ҷаҳони мутамаддин, созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ, васоити ахбори мустақил, ҳукуматҳои кишварҳои Аврупо, пеш аз ҳама Олмон даъват мекунад, ки аз Эмомалӣ Раҳмон талаб намоянд, Абдуллоҳи Шамсиддини рабудашударо фавран озод карда, ӯро ба назди оилааш дар Аврупо баргардонад.

Мо аз ҷаҳони озод даъват менамоем, ки минбаъд низ дар қонунигардонии режимҳои худкома саҳм нагузоранд, ба онҳо дар таъқиби дигарандешон кумак накунанд ва ба ин васила ба онҳо дар содир кардани ҷиноятҳои зиддибашарӣ ва поймол кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон чароғи сабз нишон надиҳанд.

Паймони миллии Тоҷикистон
Варшава
13.03.2023

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *