Рубрики Хабарҳо

Рамазон Қодиров ба худаш унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Чеченистонро дод

Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, ба худаш унвони Қаҳрамони Ҷумҳурии Чеченистонро тақдим кард. Ин ҷоизаро худи ӯ моҳи ноябри соли гузашта таъсис дода буд. Тибқи низомнома дар бораи унвон, он барои анҷоми “корнамоии қаҳрамонона” дода мешавад.

Расонаҳо хабарро аз қавли раиси порлумони ин ҷумҳурӣ Магомед Даудов, ки Қодировро дар саҳифаи телеграми худ бо гирифтани аввалин унвони олии ҷумҳурӣ – Қаҳрамони Ҷумҳурии Чеченистон табрик гуфтааст, гузориш додаанд.

Аммо, тибқи оинномаи ин унвон, он маҳз аз ҷониби раисҷумҳури Чеченистон эъто мешавад. Маълум нест эътои унвон аз ҷониби раисҷумҳури Чеченистон ба раисҷумҳури Чеченистон чи гуна сурат гирифтааст.

Худи Қодиров пештар аз тасмими таъсиси ҷоиза хабар дода буд.

«Пештар ман дастур дода будам, ки ҷоизаи «Қаҳрамони Ҷумҳурии Чеченистон» таъсис дода шавад, то аз қаҳрамонии бачаҳои моро қадрдонӣ карда шавад. Корҳои лозима дар ин самт амалӣ шудаанд. Мо ба зудӣ муборизони барҷастаро бо ҷоизаи нав қадр хоҳем кард», – навишта буд Қодиров моҳи октябр дар канали Telegram.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *