Тибқи иттилоъи маркази матбуоти Вазорати дифоъи Тоҷикистон нақшаи даъват ба сафи артиш 50 дарсда иҷро шудааст.
Манбаъ хабар додааст мисли се соли қабл миёни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нахустин рӯзи даъвати шаҳрвандон иҷрои нақшаро 100 дарсад иҷро кардааст.
Пас аз ВМКБ чаҳор ноҳияи шаҳри Душанбе нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ «пешсаф» буда, комиссияҳои давлатии даъвати баҳорӣ дар пойтахти кишвар иҷрои нақшаи даъватро ба зиёда аз 60 фоиз баробар намудаанд.
Иҷрои нақша дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 60 фоиз, вилояти Хатлон зиёда аз 50 фоиз ва дар вилояти Суғд давоми 20 рӯзи сипаригардида қариб 40 фоизро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки аз якуми апрели соли равон дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ даъвати баҳории шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардид.
Аз маҷмӯи умумии 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон то ин дам ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин, Носири Хусрав ва Фархор нақшаи даъватро ба итмом расонида, аз ноҳияҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ноҳияҳои Лахш, Нуробод, Рашт, Сангвор ва Тоҷикобод низ аз иҷрои пурраи нақша гузориш доданд.