Таъсири фаъолияти мухолифин ба ҳукумат ва Афғонистони пешрафтатар аз Тоҷикистон
Дар гуфтугӯи мустақимаш бо мардум, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон ба суолҳо дар бораи таъсири фаъолияти мухолифини дархориҷбуда ба кишвар ва интихоботи Афғонистон посух гуфт.
Муҳиддин Кабирӣ гуфт фаъолияти мухолифони тоҷик дар хориҷ ба дохили Тоҷикистон таъсири зиёд дорад. “Агар таъсир намедошт, ҳукумат интернетро блок намекард ва фейсбуку ютубу дигар шабакаҳоро масдуд намекард, суръати интернетро поён намеовард ва нархи интернетро талош намекард, ки боло барад. Ва ин садҳо ва ҳазорҳо мақолаҳову навиштаҳо ва таҳлилҳои росту дурӯғро, ки дар расонаҳову шабакаҳо шабу рӯз менависанд алайҳи оппозитсия, ин ҳамааш дарак аз он медиҳад, ки фаъолияти оппозитсияи тоҷик дар дохили кишвар таъсир дорад, мехонанд, мешунаванд, мебинанд ва рӯз ба рӯз ин таъсир бештар шуда истодааст” – изҳор дошт ӯ.
Ӯ ҳамчунин илова кард: “Шумо бубинед масалан шабакаҳои фаъолони дар хориҷи кишвар буда ва муқоиса кунед бо сӯҳбатҳову маводҳое, ки тарафдорони ҳукумат пахш мекунанд, чӣ қадар тамошобин дорад, фарқ аз замин то осмон аст. Ин маънои онро дорад, ки таъсир рӯз ба рӯз зиёд шуда истодааст ва он ҳоло як миқдор ҳаяҷон ва як миқдор нафрате, ки дар забону адабиёти гуфтугӯии мақомоти давлатии Тоҷикистон нисбати оппозитсия вақтҳои охир мушоҳида мешавад, баёнгари он аст, ки хеле таҳди фишор қарор гирифтаанд. Ман бовар бар он дорам, ки ояндаи наздик як тағйироти ҷиддиеро дар шабакаҳои расонаии кишвар ва берун аз кишвар шумо шоҳид хоҳед буд”.
Дар посух ба суоли бинадае дар бораи интихоботи Афғонистон, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон гуфт: Умед дорам аз ҳамсоягони азизи худамон мардуми Афғонистон, бахусус масъулини кишвари дӯст, ки ин интихоботро тарзе ҷамъбаст кунанд, ки ба нафъи мардуми кишвари Афғонистон бошад. Иҷозат надиҳанд, ки Афғонистон вориди як бӯҳрони ҷадид шавад. Афғонистон дучори мушкилоти зиёде аст ва бояд ки билохира ба як сулҳи миллӣ бирасад ва ба ин сулҳи миллӣ наметавон дар як шароити бӯҳронӣ расид. Ман бовар дорам, ки ақли солим пирӯз мешавад ва ҳама тарафҳои ширкаткунанда дар интихобот ба раъйи мардуми Афғонистон эҳтиром хоҳанд гузошт ва он раъйи воқеиро эълон хоҳанд кард.
Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард, ки миллати Афғонистон ва сиёсатмадорони ин кишвар ба ҷаҳониён ва бахусус мардуми Тоҷикистон дарс доданд, ки чӣ гуна дар як шароити ҷангӣ ва бӯҳронӣ интихоботи нисбатан озоду демократиро бо ширкати номзадҳои зиёд, бо дидгоҳҳои гуногун метавон роҳандозӣ кард.
”Бояд эътироф кард, ки миллати Афғонистон дар ин масоил як миқдор аз мо ва на танҳо аз мо Тоҷикистониён, балки аз кишварҳои Осиёи Маарказӣ пештар аст. Мутаасифона баъзе аз коршиносон, ҳатто аз ҳамватанони мо, вақте мехоҳанд Тоҷикистонро, ё тоҷиконро муқоиса кунанд, аз Афғонистон мисол меоранд. Бехабар аз он ки мардуми ҷабрдида, вале сарбаланду озоди Афғонистон аллакай аз мо як сару гардан пеш рафтааст. Дар ин кишвар даҳҳо ва шояд садҳо шабакаҳои телевизионии мустақил амал мекунад. Ҳатто тоҷикони мо дигар аслан бештар тамошо мекунанд ин каналҳоро, чун дар он ҷо озодӣ ҳаст, баҳс ҳаст ва нуқтаи назари алтернативӣ ва гуногун ҳаст” – гуфт раҳбари ПМТ.
Ӯ изҳори боварӣ намуд, ки агар миллати Афғонистон ҳар чи зудтар аз ин ташаннуҷ ва аз ин бархӯрд раҳо ёбад, дар як муддати кӯтоҳ воқеан як намунаи кишвари озоду пешрафтаро нишон хоҳад дод. “Мо тоҷикистониҳо бояд аз бародарони афғонистонии худамон роҳандозии интихоботҳои озод ва рақобатҳои солимро биомӯзем ва ин як дарси бузурге буд, ки мо аз ҳамсоякишвар гирифтем” – гуфт Кабирӣ.