Вазорати энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон хабарҳои нашрияҳои покистонӣ дар бораи эҳтимоли бозбинии арзиши ибтидоии нерӯи барқи Тоҷикистон аз тариқи хатти минтақавии интиқоли барқи CASA-1000-ро рад кард.
Ҷамшед Шоимзода, муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон рӯзи 12 июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, «мо то ҳол расман аз ҳамкорони покистонии худ маълумоте нагирифтаем.»
Вай гуфт, ки ахиран тарҳи CASA-1000 бо ҳамкорони покистонӣ матраҳ шуда буд ва дар ин нишаст ҳатто мавзӯъи қимати нерӯи барқи Тоҷикистон барои Покистон матраҳ нашудааст.
Ба гуфтаи Шоимзода, тарҳи CASA-1000 ҳатто дар Афғонистон бомуваффақият иҷро шудааст, аммо пас аз ба қудрат расидани Толибон шарикон ин тарҳро мутаваққиф карданд. Айни ҳол кор барои аз сар гирифтани лоиҳа гуфтушунид идома дорад»
Ёдовар мешавем, ки дар авохири соли гузашта нашрияи покистонии The Express Tribune навишта буд, ки Покистон нақша дорад, ки шартҳои интиқол тавассути хатти пешниҳодшудаи энержиро бознигарӣ кунад ва нархи як киловатт то 3 сент коҳиш дода мешавад.
Ин дар ҳолест, ки тарофа барои Покистон 9,4 сент (5,1 сент барои истеҳсолкунанда ва 4,3 сент барои транзит) аз ҷониби кишварҳои иштирокчии лоиҳа қаблан мувофиқа ва тасдиқ карда шудааст.
Нашрия навишта буд, ки Покистон бо Чин дар мавриди эҷоди як долони иқтисодии CPEC (Долони иқтисодии Чину Покистон) тавофуқ кардаанд, ки аз ҷумла сохтмони 10 нерӯгоҳи барқи обӣ дар Покистон бо иқтидори лоиҳавии умумии 20 000 мегаваттро дар бар мегирад. (МВт). Барои ин лоиҳа Чин 62 миллиард доллар пул ҷудо кардааст.
Иқтидори умумии муқарраршудаи системаи барқ дар Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир ҳудуди 6 ҳазор мегават ва дар Қирғизистон 1,2 ҳазор мегават асту халос.
Тарҳи CASA-1000 интиқоли 1000-1300 МВт нерӯи барқ аз Тоҷикистон ва Қирғизистон тавассути Афғонистон ба Покистонро дар бар мегирад. Интизор меравад, ки 70 дарсади интиқол дар ин хат аз ҷониби Тоҷикистон ва 30 дарсад аз Қирғизистон анҷом дода шавад. Нахуст бахше аз нерӯи барқ (300 МВт) тавассути хатти пешбинишуда ба Афғонистон пешбинӣ шуда буд, вале баъдан мақомоти кишвари ҳамсоя аз воридот тавассути ин хат худдорӣ карданд.
Ба гуфтаи вазорати энержии Ҷумҳурии Тоҷикистон, буҷаи умумии ин тарҳ 1 миллиарду 860 миллион долларро ташкил медиҳад, ки 314 миллион доллари он барои сохтмони қисми тоҷикистонӣ равона шудааст.
Маблағи заруриро Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ҷудо кардааст.
Маросими расмии оғози тарҳи CASA-1000 моҳи майи соли 2016 дар шаҳри Турсунзода бо ширкати сарони давлат ва ҳукуматҳои чаҳор кишвари ширкаткунандаи ин тарҳ баргузор шуд.