Categories Хабарҳо

РОҲИ ИСЛОҲИ ҲАМСАРИ САРКАШ

Шариати Ислом занҳоро амр мекунад, фармонбардори шавҳаронашон бошанд, то ҳаёти оилавӣ мустаҳкаму пойдор гардад. Оилае, ки шавҳар иззату ҳурмат надорад ва ҳамсараш ӯро итоат намекунад, баъид аст, ки як оилаи хушбахту мустаҳкам бошад.

Итоат накардану беэҳтиромӣ нисбати шавҳар паёмадҳои хатарнок дорад. Вақте зан, модари хона итоати шавҳарро намекунад, фарзандон низ падари худро эҳтиром намекунанд ва гуфтаҳои падарро ҷиддӣ намегиранд. Чун аксари таъсирро фарзанд аз модар мегирад. Ин сабаб мегардад, ки аъзои оила ҳар яке аз паси хостаи худ биравад, дар натиҷа кӯдакон бадахлоқу бенизом ба воя мерасанд ва Аллоҳ медонад чӣ балоҳое оиларо дар пеш аст.  Аз ин лиҳоз, шариати ислом чораҳоеро роҳандозӣ кардааст, то ин мушкилии ҷомеа ба осонӣ ҳал гардад ва оилаҳо саъодату ободиро соҳиб гарданд.

Чӣ хеле, ки медонем на ҳама бонувон дорои ахлоқи ҳамидаву табиати зебо ҳастанд ва бо тақдири Илоҳӣ ва албатта бо  баъзе хатогиҳои шахсӣ на ҳама шавҳаронро зани солеҳаву итоаткор насиб гаштааст.

Вақте шавҳар мебинад, ки ҳамсари нофармонраво дорад ва ҳаёташ бо ин зан хеле талху торик аст, ягона роҳи чорае, ки ба сараш мезанад ин талоқ аст.

Аммо якбора роҳи талоқро интихоб кардан иштибоҳ аст. Биёед бо ҳам ҳалли ин мушкилиро аз нигоҳи Шариат бубинем ва хоҳед дид оятҳои Қуръони чигуна ҳакимона роҳи ҳалро ба мо нишон медиҳад.

Ҳар як зан дорои хислату табиати хос аст. Яке фақат бо ду сухани самимӣ ислоҳ мешавад, дигаре бо изҳори озурдахотириву ғамгинӣ. Нафаре бо шиддату дуруштӣ ислоҳ мешаванд, дигаре бо насиҳати бузургон. Аз ин хотир роҳҳои ислоҳи ҳамсарон низ гуногун аст.

Агар зан нофармонӣ кунад ва шавҳарашро итоат накунад ва дар хатогии худ исрор варзаду ислоҳ нагардад,  шавҳар ҳамсарашро метавонад бо роҳҳои зерин ислоҳ кунад:

ПАНДУ НАСИҲАТ

Шавҳар бояд бо меҳрубониву нармӣ ва беҳтарин лафзҳои ширин ҳамсарашро насиҳат кунад. Ба ӯ то чӣ андоза оилаашро дӯст медорад ва зиндагии якҷоя чӣ қадр барояш муҳим аст, бифаҳмонад. Бо зикри ояту ҳадисҳо, суханони донишмандон ба ҳамсараш воҷиб будани итоати шавҳарро баён кунад. Албатта зани худотарсу боинсоф суханҳои ҳамсарашро нодида намегирад.

ДУР КАРДАНИ РАХТИ ХОБ ВА ИЗҲОРИ ДИЛОЗУРДАГӢ

Агар мард ҳамсарашро панду насиҳат кард, аммо ҳамсараш ислоҳ нагашт, бояд роҳи дуюмро пеш гирад. Муддате  аз ҳамбистар шудан бо ҳамсараш дурӣ кунад, ҳатто ба ҳамсараш наздикӣ накарда, ба ӯ изҳори дилозурдагӣ кунад. Бо дурии худ бифаҳмонад, ки рафтори ҳамсараш асло қобили қабул нест, аммо шавҳар бидонад, ки дурӣ аз ҳамсар маънои онро надорад,ки занро аз хона берун кунӣ ва ё ба хонаи модараш равон созӣ, ҳаргиз чунин нест. Берун кардани зан аз хона паёмадҳои хеле бад дорад ва баръакс оташи фитнаро дучанд  мегардонад. Паёмбар мегӯянд:

و لا تهجر الا في البيت

Агар хостӣ барои ислоҳи ҳамсарат муддате аз ӯ канора бигирӣ, пас дар худи хонаатон аз ӯ дурӣ кун, мабодо ӯро аз хона берун насоз.

Марде, ҳамсаро аз хона меронанд бидонанд, ки ин амал хилофи қавли Расулуллоҳ аст ва аз Аллоҳ битарсанд.

.

ОХИРИН ЧОРА ЗАДАН, АММО ТАНҲО БА ҚАСДИ ИСЛОҲ

Хелеҳо фикр мекунанд, ки Ислом задани ҳамсарро иҷоза додааст ва латукӯби ҳамсар дар мусалмонон як амри табиист.

Асло чунин нест. Сарвару пешвои мусалмонон расонандаи дини Ислом Ҳазрати Муҳаммад дар умри худ ҳаргиз ба ҳеҷ як нафар ҳамсарашон даст набардошта буданд. Ҳазрати Оиша мегӯянд, Паёмбар ҳатто ба ҷонваре даст набардошта буданд, куҷо расад ба задани ҳамсару дигарон.Чӣ гуна метавонад задани як зан дар Ислом амри табиӣ бошад, вақте охирин васияти Паёмбар ин буд:

استوصوا بالنساء خيرا

Шуморо васият мекунам бо занон муомилаи хуб дошта бошед.

Шариате,ки нусусҳояш пайваста ба ҳуқуқи занону накӯи кардан ба бонувон даъват мекунад, наметавонад иҳонату заданро як амри оддӣ қарор диҳад.Оре, дар Қуръон ояти занҳоро бизанед,  вуҷуд дорад, аммо кадом вақт ва чигуна бояд зад хеле тафсил дорад. Наметавон бе шарҳу тафсир, ин оятро далели худ гирифту бо кучактарин баҳона даст ба ҳамсар бардошт ва ба зане,ки дар дасти ту амонат аст, хиёнат кард. Вой ба ҳоли мардҳое, ки задани занро як ҷавонмардӣ медонанд ва ҳатто аз ин кирдори разила дар назди дигарон фахр мекунанд. Ин афрод дар рӯзи Қиёмат чӣ ҷавоб медода бошанд!

Шарити Ислом барои ислоҳи ҳамсар он ҳам зане, ки дигар тамоми ҳудудҳоро гузаштаасту аз доираи ҳамсарӣ баромадааст, иҷозаи заданро медиҳад. Агар мард тамоми услубро барои ислоҳи ҳамсар истифода кард, аммо ҳамсараш дар саркашии худ боқӣ монд, шавҳар метавонад бо задан ӯро ислоҳ кунад, аммо чӣ гуна бояд зад  тафсилот дорад:

  1. Задан набояд ба қасди интиқом ва ё осеб расонӣ бошад. Ғараз аз задан, танҳо ислоҳи зан ва баён кардани сиёсати шавҳарӣ аст, на расонидани зарари ҷисмонӣ.
  2. Ба чеҳраи зан задан ҳаром аст. Инчунин ба узвҳое,ки бо камтарин зарба осеб мебинанд.
  3. Набояд бо задан осеби ҷисмонӣ расонид. Абдуллоҳ ибни Аббос дар тафсири ояти واضربهن мегӯянд, танҳо бо чуби мисвок ҳамсаронатонро метавонед, бизанед.
  4. Шавҳар бояд бидонад, ки оё бо задан ҳамсараш ислоҳ мегардад,  ё на. Агар донист, ки бо задан ҳеҷ муроде ҳосил намегардад, набояд ҳамсарашро бизанад.

Чуноне, ки гуфтем задан охирин роҳи чора аст, он ҳам задане, ки набояд зан ҳеҷ осебе бубинад. Фаромӯш насозед, Паёмбар дар ҳаёти худ ба зане даст набардошта буданд.

Ин се роҳи ислоҳро Қуръон чунин баён мекунад:

واللاتي تخافون نشوزهن فعظوهن واهجروهن في المضاجع واضربوهن فان اطعنكم فلا تبغو عليهن سبيلا ان الله كان عليا كبيرا

Занҳое,ки нофармо ҳастанд ва аз саркашии онҳо бим доред ва на шуморо итоат мекунанду на аз фарзандонатон нигоҳубин мекунанд, ба ин тартиб ислоҳашон кунед. Якум бо беҳтарин суханҳо панду насиҳаташон кунед. Дуввум, агар ислоҳ нагаштанд, муддате аз онҳо худро дур кунед, аз ҳамбистарӣ бо онҳо даст кашед. Севвум, агар ин ҳам нашуд онҳоро бизанед задане, ки осеб набинанд ва танҳо ба хотири ислоҳ бошад, на ба хотири дарду интиқомгирӣ ва агар бо яке аз ин се роҳ ислоҳ гаштанд, дигар онҳоро наозоред ба онҳо некӣ кунед. Бидонед, агар шумо болои ҳамсаратон ҳукумфармову соҳиби сар бошед, Аллоҳ аз ҳамаи шумо бузургтару олимақом аст. Аллоҳро итоат кунед.( сураи Нисо ояти 34)

Оре, ҳастанд шавҳароне, ки ҳатто баъд аз ислоҳ гаштани ҳамсар ӯро ба хотири хатогиҳои пештарааш меозоранд, таънаву маломат мекунанд. Бехабар аз он, ки бо ин рафтор хилофи фармудаи Аллоҳ амал мекунанд, ки мегӯяд:

و لا تبغوا عليهن سبيلا

Агар ислоҳ гаштанд дубора ҳамсари худро наозоред.

Инчунин бо таънаи худ зарбаҳои дарднокеро ба қалби ҳамсар мезананд. Аллоҳ бо ҳама қудрату бузургиаш гузаштаҳоро мебахшад ва ба хотири хатогиҳои гузашта моро сарзаниш намекунад. Шавҳарони азиз бояд амри Илоҳиро иҷро карду ҷавонмардона хатогиҳои гузаштаро фаромӯш кард.

ДАХОЛАТИ ХЕШОВАНДОН БА ҚАСДИ ИСЛОҲ

Мутассифона, дар баъзе аҳвол шавҳар ҳама роҳҳои ислоҳро тай мекунад, аммо ҳамсар ислоҳ намегардад. Оташи ҷанг дар оила аланга мегираду ду ҷуфт ба ҷони ҳам меафтанд, бо ҷангу ҷидолҳои пайваста ба сари ҳамдигар бадбахтиҳо меоранд. Ва ҳеҷ як кадом аз даъвову талош даст бардор нестанд. Дар ин ҳолат шариат ин роҳро иршод мекунад. Ду нафар марди ҳакиму босавод ва ҳатман бо таҷриба, як нафар аз хешовандони шавҳар, нафари дуввум аз хешовандони зан бояд дахолат кунанд то мушкилии зану шавҳар роҳи ҳалро пайдо кунад. Ду нафари ҳакиму боинсоф ва ҳатман амонатдоре, ки сирри оиларо ба дигарон фош намекунанд. Ин ду ислоҳгар аз тамоми мушкиливу нофаҳмиҳо бохабар гашта, роҳи ислоҳро бояд нишон диҳанд.

Бояд зикр кард,ки асло шахсони асабиву бехирадро, ҳамчун ислоҳгар набояд ба оила роҳ дод. Ҳазар аз шахсоне, ки бо суханҳи дилхарошу таънаву дашном ба ҷои ислоҳ кардан, оташи ҷангро аланга мегиронанд. Бовар кунед, аксарияти ҷангу талошҳои оилавие, ки бо талоқ  анҷом мешавад, сабабаш худи ҳамин хешовандони бетаҷрибаву асабӣ ҳастанд, ки ба ҷои оштӣ фитнаву бадбиниҳоро бар меангезанд.

Агар рафту хешовандони ҳакиму ислоҳгар надоред, метавонед аз дӯстони хирадманд талаби ёрӣ кунед. Инчунин нафароне ҳастанд,ки агарчӣ бегонаанд, аммо дар умури оиладорӣ таҷрибаҳои фавқулода доранд, бо панду насиҳат ба ислоҳи оилаҳо кӯмак мерасонанд, метавон аз кӯмакҳои ин нафарон низ истифода кард.

Ислоҳ кардани зану шавҳарро  Аллоҳ дар китобаш ин гуна баён мекунад:

و ان خفتم شقاق بينهما فابعثوا حكما من اهله و حكما من اهلها ان يريدا اصلاحا يوفق الله بينهما ان الله كان عليما خبيرا

Агар дидед, ки зану шавҳар бо  ҷангу талошҳои доими ҳамдигарро озор медиҳанд ва болои ҳамдигар бадбахтиҳо меоранд.  Дар ин ҳолат ду нафар шахси бохираду ислоҳкорро ба назди онҳо бифиристед. Як нафар аз хонаводаи шавҳар, як нафар аз наздикони зан, то байни зану шавҳар ислоҳу оштӣ кунанд. Агар нияти ин ду хешованд оштии зану шавҳар бошад, албатта Алллоҳ инҳоро дар ин амали хайр муваффақ мегардонад.(сураи Нисо ояти 35)

Чӣ қадар Аллоҳи меҳрубон дорем, ҳатто роҳи ҳалли кашмакашиҳои оилавиро ба мо нишон медиҳад то сулҳу оштӣ, муҳаббату рафоқат дар оилаамон пойдор бошад.

Муслимаи Аҳмадӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *