Рубрики Ozodi

Чаро касе намехоҳад, аз Душанбе ба Кӯлоб бо ҳавопаймо сафар кунад?



Он замон ширкати давлатии “Тоҷик Эйр” эълон кард, ки хатсайр дигарбора боз мешавад ва ҳафтае се парвоз сурат мегирад. Аммо дигар парвоз ба Кӯлоб такрор нашуд. Нуралӣ Ҳомидзода, раиси фурудгоҳи Кӯлоб: “Рейсӣ техникӣ иҷро шуд, дигар иҷро нашуд, барои он ки билет қимат буд, чун барои як мусофир 350 сомонӣ лозим буд, ки билет гирифта парвоз кунад.”

Ширкат дар аввал нархи билетро аз 350 сомонӣ то 300 сомонӣ поин оварда буд. Сокинон мегӯянд, бо ин нарх бо мошин ду маротиба ба ба Душанбе мераванду меояд.

Солеҳ Юсуфов, сокини Кӯлоб: «Нархи таксӣ арзонтар аст. Дар 300 сомонӣ қариб 4 нафар бо таксӣ аз Душанбе ба Кӯлоб мераванд. Агар бо ҳавопаймо ба Кӯлоб равӣ нархи билет 300 сомонӣ аст ва боз аз фурудгоҳ то дохили шаҳр 50 сомонии дигар медиҳӣ. Агар ду кас равӣ, 700 сомонӣ мешавад, ин пули як маош аст. Бо ронандаҳои таксӣ суҳбат кунӣ, бо 60 сомонӣ ҳам мебаранд. Ба назари шумо, аз ҷиҳати иқтисодӣ кадомаш хуб аст?”

Аз Кӯлоб то Душанбе тақрибан 200 километр ва бо мошин се соат роҳ аст. Баъди расидан ба истиқлол дар Тоҷикистон аксарият бо мошин ба пойтахт мераванд. Роҳбарияти фурудгоҳ ҳам эътироф мекунад, ки нархи билети ҳавопаймо гарон аст.

Сокинони калонсол мегӯянд, солҳои шуравӣ роҳҳо ноҳамвор буд, аз ин рӯ онҳо маҷбур бо ҳавопаймо ба пойтахти кишвар мерафтанд. Фарқият ҳам дар он солҳо дар ин будааст, ки қимати билет арзон будааст. Ҳоло роҳҳо ҳамвор аст ва аз ин сабаб сокинон сафар бо мошинро афзалтар медоданд.

Бархе дигар мегӯянд, ки агар қимати билет поин оварда шавад, шояд мардум ба сафари роҳаттар ва зудтар ба Душанбе ва бо ҳавопайморо бартарӣ бидиҳанд. Аммо ҳоло маълум нест, кай ҳавопаймои Ан-28 пур аз мусофир дар фурудгоҳи Кӯлоб менишинад ва аз ин шаҳр мусофир гирифта бармегардад.



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *