Маънои калимаи “Полша” аз забони поланӣ — мардуми дар саҳрои бузург зиндагикунандаро мефаҳмонад.
Лаҳистон дар қисмати марказии минтақаи Аврупо ҷойгир буда, аз самти ғарб бо Олмон дар масофаи 467 км,аз ҷануб бо Чехия дар масофаи 790 км, аз шарқ бо Украина дар масофаи 529 км, бо Белорусия 416 км, бо Литва 103 км, ва бо Россия дар масофаи 210 км ҳамсарҳад аст. Масоҳаташ 312 ҳазору 679 км мурабба мебошад. Дар бузургии масоҳат Лаҳистон дар дунё ҷойи 69-умро, миёни давлатҳои узви иттиҳоди Аврупо ҷойи 9-умро ишғол мекунад. Пойтахташ Варшава . Шаҳрҳои калонтаринаш Краков, Вроцлав, Лодзь, Познань, Гданск, Шесин, Бидгош, Любин , Белосток ва ғайра.
Саршумори аҳолӣ зиёда аз 38 миллиону 647 ҳазору 500 нафар, ки аз ин миқдор 48, 2 фоизашро мардон ва ва 51, 8 фоизашро занон ташкил медиҳанд. Коди телефон +48 аст.
Табиат
Табиати мӯътадил дорад, ки зимистонаш намноки, на он қадар сард, (ба ҳисоби миёна то як дараҷа хунук) тобистонаш гарм аст, аммо ҳарорати миёна то 16, 5 дараҷа гармӣ мерасад. Баҳор барвақт меояд, тирамоҳ дертар ва аз ин маълум, ки зимистони кӯтоҳе дорад.
Забони расмии давлатии мардуми Лаҳистон забони лаҳистонӣ аст, ки наздик ба 40 миллион нафар дар дунё бо ин забон муошират мекунанд. Дар ин кишвар забонҳои олмонӣ, англисӣ, русӣ ва забонҳои қавмӣ низ дар гуфтугӯ ҷорист.
Дин дар Лаҳистон нақши муҳиме дар зиндагии мардум дорад. Дар натиҷаи назарсанҷие, ки гузаронида шуд, 86, 9 фоизи мардум худро шомили мазҳаби католикӣ муаррифӣ карданд. 1, 3 фоиз православиҳо, 0, 34 фоиз протестантҳо, 15 фоизи аҳолӣ ба Худованд бовар доранд, аммо худ намедонанд, ки дар кадом шохаи кадом мазҳабанд. 3 фоиз бедин, яъне аттеист муаррифӣ шуданд.
Қадами дини Ислом дар ин давлат ҳанӯз дар асри 10 бо ташаббуси сайёҳ Иброҳим ибни Яъқуб расида буд. Будубоши доимии мусалмонон дар асри 14 оғоз шуд, ки бештар тоторҳо буданд. Ба ин мусалмонон иҷозаи риояи қавонини ислом бар ивази хизмати ҳарбӣ барои давлат дода буданд. Дар ҳоли ҳозир шумораи мусалмонони Лаҳистон зиёда аз 31 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷониби археологҳо дар натиҷаи кофтукоб пайдо шудани миқдори зиёди тангаҳои қадимаи арабӣ аз он дарак медиҳад, ки додугирифти Лаҳистониҳо бо халқи араб дар қадим ҳам роҳандозӣ шудааст. Ҳанӯз дар соли 1933 шумораи масҷидҳои Лаҳистон ба 16 адад расида буд.
Нақлиёти мусофирбар, чун дар Олмон дар вақти муайяншуда ҳозир мегардад, новобаста аз ҳодисаҳое, ки дар роҳ бавуқӯъ пайвастанаш мумкин аст. Афтобус, трамвай, метро, поезд ва тайёраҳо дар доҳили кишвар бо сифати хуби хизматрасонӣ маъмуланд. Як худи фурудгоҳ дар ин давлат даҳ адад дар фаъолият аст.
Рӯзҳои ид 11-уми ноябр рӯзи истиқлолият. Соли навро католикҳо санаи 25-уми декабр, дигарон 31-ум қайд мекунанд. 6-уми январ ҳам рӯзи иди динии католикҳост, рӯзи истироҳат муайян шудааст. 21-уми январ-рӯзи бибиҳо, 22-юм рӯзи бобоҳо, 14-уми феврал — рӯзи ошиқон, 8-уми март рӯзи занҳо ва 26-уми май рӯзи модарон таҷлил мегардад. Иди миллии Лаҳистон 3-юми май, ки яке аз ҷашнҳои муҳими давлати маҳсуб меёбад, ботантана қайд карда мешавад. Дар ин рӯз соли 1791 Сарқонуни давлат ҳам қабул шудааст. Ин сарқонуни аввалин аст дар Аврупо ва қадитарин. Рӯзи озодӣ аз фашизми Олмон санаи 8-уми май, аммо рӯзи корист. Дар ин рӯз паради ҳарбӣ ва гулгузорӣ ба сари қабри аскари номаълум ташкил карда мешавад. То соли 1989 ин идро рӯзи истироҳат эълон мекарданд.
Маориф
Маълумоти ибтидоӣ аз синни 5-6 солагӣ баъди боғчаи баччагона оғоз мегардад. Таҳсил дар мактаб аз синфи сифр сар мешавад. Таълими ҳатмӣ 9 сол буда, 6 сол дар мактаби миёна ва 3 сол дар литсейҳои махсус толибилмон фаро гирифта мешаванд. Баъди ин 9 сол ҳуҷҷати маълумоти миёнаи нопурра дода мешавад. Баъдан зина ба зина барои гирифтани маълумоти миёнаи пурра ва маълумоти олӣ низ толибилмон мувофиқи хоҳишу лаёқати худ пеш мераванд. Вазорати маориф дар ин давлат ҳанӯз дар соли 1773 дар давраи ҳукмронии шоҳ Станислав Августе вуҷуд дошт, ки аввалин дар дунё буд. Усули таълими дар Лаҳистон ҷоришуда миёни 10 кишваре, ки беҳтаринҳо дониста шудаанд, ҷойгоҳи 4-умро ишғол намудааст.
Иқтисодиёт
Дар як сатҳи баланду назаррас саноати истеҳсолу коркард ин ҷо ривоҷ ёфтааст. Металургияи сиёҳу ранга, конҳои канданиҳои фоиданок, ангиштсанг, маводҳои кимиёвӣ гази табиӣ, намаки ошӣ ва ғайра бо технологияҳои муосир ба роҳ монда шуда, худи давлат ҳам бо ин мавод таъмин ва ба хориҷа ҳам интиқол меёбад, ки даромади хубе ба буҷҷаи кишвар ворид мегарадад. Муҳимтарину пурдаромадтарин самти истеҳсолоти кишвар ин коргоҳҳои истеҳсолӣ мошин ва киштиҳои обӣ аст. Чил фоизи аҳолии Лаҳистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд ва зиёда аз се миллион хоҷагиҳои деҳқонӣ ва чорводорӣ бо истеҳсоли маводи озуқа, шир, гӯшт, равғани растанӣ, пахта, сабзавот , ғалладона, чӯбу тахта ва ғайра сарукор доранд. Оғоз аз авохири асри гузашта дар Лаҳистон ба саноати моҳипарвари таваҷҷӯҳи ҷиддӣ зоҳир шудааст. Ҳамасола ин кишвар наздики 700 ҳазор тонна моҳиро ба бозор ворид месозад. Дар ин давлат аз нерӯгоҳҳои тариқи бод барқистеҳсолкунанда ҳам фоида хубе меоранд. Азгази табии истеҳсолшуда, танҳо сеякаш барои истифодаи аҳолӣ кифоя буда, боқӣ содирот мешавад.
Сатҳи бекорӣ ҳамагӣ 7 фоиз ва сатҳи ҷиноят 3 фоиз аст, ки ин ҳам бештар аз ҷониби муҳоҷирони аз кишварҳои ғайр воридшуда ба миён меояд. Маоши мардум ба ҳисоби миёна 1350 долларро ташкил медиҳад.
Тибқи нишондоди иқтисоддонони ҷаҳони айни ҳол Лаҳистон даввраҳои беҳтарини пешрафти иқтисодии худро азсар гузаронида истодааст.
Акнун каме маълумоти иловагӣ дар дигар мавзӯъҳои вобаста ба ҳаёти мардуми Лаҳистон гуфта мегузарем.
Наздик ба 35% аҳолии Лаҳистон дар хориҷи ин кишвар зиндагӣ ва фаъолият мебаранд. Масалан, дар ИМА, Канада, Британия, Олмон, Австралия, Бразилиа ва Аргентина.
Дорандагони мукофоти Нобели дар Лаҳистон 17 нафаранд, ки боиси ифтихори давлат ҳисобида мешаванд. Ин миқдор аз Япония, Хитой, Ҳиндустон, Австралия албатта зиёдтар аст.
Аввалин нафаре, ки дар ду самти илмӣ мукофоти Нобелӣ гирифтааст, ин зани лаҳистонӣ Мария Кюрӣ мебошад.
Астроном Николай Коперник низ Лаҳистонист, ки замин маркази каҳкашон набуданашро аввалин шуда собит сохта буд.
Кӯҳантарин кони намак дар асри 13 дар Лаҳистон ба тавре сохта шудааст, ки аз 7 ошёнаи таҳхона аз 57 то 198 метр чуқурӣ ва зиёда 200 км паҳно бунёд ёфтааст. Ин ҷо айвону даҳлезу галереяҳо ҳам дорад ва соли 1978 ин кони намак ҳамчун як мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО ба қайд гирифта шудааст.
Як чизи аҷиб низ дар бораи ин давлат. Яке аз сурудҳои машҳуртарину маъмултарин, ки соли 1976 эҷод шуда буд, чун гимни мухолифини ҳукумати коммунистӣ суруда мешуд, ин сурудро Роналд Рейган мӯҳтавою мантиқи баромадаи худ хонд ва малика Элизаветтаи дуюм дар парламенти Лаҳистон ин сурудро хонда ҳам буд.