Чойхонаи миллии «Харбуза», воқеъ дар шаҳри Ҳисорро мехоҳанд ба маркази бузурги омода намудани оши палови тоҷикӣ табдил диҳанд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Чойхонаи «Харбуза» соли 2015 ба ифтихори ҷашни 3000 – солагии Ҳисор дар масоҳати 4,7 гектар дар шакли харбуза бунёд гардида, баландиаш 43 метр, дарозиаш 100 метр ва бараш 55 метрро ташкил медиҳад. Чойхона дар як вақт ғунҷоиши 2,5 ҳазор нафар меҳмонро дорад.
Аммо, ин чойхона ҳамагӣ баъди чанд рӯзи ифтитоҳаш ба хонаи паррандагону муру малах табдил ёфта буд ва муддати 5 сол ин ҷониб кор намекард.
Чанде пеш баъди тасмими ба идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ табдил додани масҷиди марказии шаҳри Ҳисор аз ҷониби раиси ин шаҳр Шарифҷон Ҷумъазода, сокинони шаҳр ба радиои Паём навиштанд, ки даҳҳо иншоотҳо мувофиқ ба идораи САҲШ мисли чойхонаи Харбуза дар Ҳисор ҳастанд ва бекор хобидаанд. Аммо раиси шаҳр мехоҳад маҳз масҷиди навсохти марказии шаҳри Ҳисорро ба идораи САҲШ табдил диҳад.
Дар ҳамин ҳол, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода дар ҷамъи намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ додааст, ки: «дар назар аст бо мақсади ташкили Маркази омода намудани оши палови тоҷикӣ беҳтарин ошпазҳои касбиро аз саросари ҷумҳурӣ ҷамъ намуда, ба мизоҷон ва дигар меҳмонони хориҷӣ, ки ба шаҳри Ҳисор меоянд, дар сатҳи баланд хизматрасонӣ шавад».
Ба гуфти Шарифҷон Ҷумъазода ин иқдом дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, ҳадаф муаррифии ҳар чӣ бештари таомҳои миллӣ, хусусан оши палови тоҷикӣ ба сайёҳону меҳмонони дохилию хориҷӣ мебошад».