Аз замони шуйюи коронавирус дар Тоҷикистон 14 нафар афғонистонӣ дар Тоҷикистон бо гирифторӣ ба коронавирус фавтидаанд.
Ин хабарро Абдулмусаввири Баҳодурӣ, раиси ҷамъияти муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон мавсум ба «Ориёно» дар суҳбат бо сомонаи Спутник, эълом кардаа гуфтааст, ки ҳамаи фавтидагон дар оромгоҳи Теппароҳатӣ ба хок супурда шуданд.
Ба гуфтаи Баҳодурӣ пизишкон иллати марги бештари ин афродро илтиҳоби шуш ва бархеро ҳам мушкили қалбӣ ва диабет эълом карданд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Бино ба иттилои расмии вазорати тандурустӣ, то соати 19-и 25 май ба ҳисоби умумӣ танҳо 46 нафар вафот кардааст.
Ҳамчунин 3100 нафар бо ташхиси сирояти коронавируси нави КОВИД-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1395 нафар шифо ёфтаанд.
Аммо, дар сомонаи то шоми 25 май алакай 349 қурбонии коронавирус ва пневмония дар Тоҷикистонро рӯйхат кардаанд. Тибқи ин рӯихат 57 нафари фавтидагон табибон мебошанд.
Сообщение ПАЁМ.net.