Субҳи дирӯз Владимир Путин, раисҷумҳури Русия басиҷи низомии нисбӣ эълом кард. Тибқи он 300 ҳазор нафар сарбозону афсарони эҳтиётӣ ба артиш даъват карда мешаванд. Аммо суръати шурӯъи даъват ба артиш ва мавҷи бисёр фарогири он аз воқеъиятҳои дигаре ҳикоят мекунанд.
Баробари эълони басиҷ, Паём , ки ин басиҷ метавонад даҳҳо ҳазор тоҷики муқими Русияро низ шомил созад. Дар ҳамин ҳол, воқеъият бисёр талхтар аз он аст, ки пешбинӣ мешуд.
Соате пас аз эълони басиҷ ҳазорон нафар даъватнома ба комиссариатҳои ҳарбӣ дарёфт кардаанд, ки байнашон тоҷикони муқими Русия кам нестанд. Як пурсиши Паём нишон дод, ки аз Владивосток то Санкт Петербург садҳо тоҷик даъватнома дарёфт кардаанд.
Алӣ, як тоҷики муқими Иркутск мегӯяд ҳанӯз як соат аз эълони Путин нагузашта, ба хонааш даъватномаи комиссариати ҳарбиро овардаанд. “Зоҳиран эълони басиҷ рӯзҳо ё шояд ҳафтаҳо пеш омода буду комиссариатҳо ҳам барои даъват рӯйхат тартиб медоданд”, — мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи ӯ ҳади ақал 10 тоҷики муқими ин шаҳри воқеъ дар Сибир дирӯз даъватнома дарёфт кардаанд.
Парвиз аз Санкт-Петербург ҳам сооте пас аз эълони басиҷ ба комиссариати ҳарбӣ фаро хонда шудааст. Ба ӯ соати 11-и субҳ даъватномаеро расонидаанд, ки гуфта мешуд бояд соати 16-и ҳамон рӯз ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. “Рӯзи навишта шудани даъватнома маълум нест, аммо ба назар мерасад қабл аз эълони басиҷ омода шудааст”, — гуфт Парвиз ба Паём.
Ӯ ба комиссариат рафтааст, то фаҳмонад, ки 4 фарзанди ноболиғ дорад ва тибқи қонун набояд ба артиш сафарбар шавад. Аммо онҷо гуфтаанд, ки ба ҳар фарзандаш моҳона 20 ҳазор рубл пардохт хоҳад шуд ва ӯ бояд ба артиш биравад. Парвиз дар пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон хидмат карда, шаҳрвандии Русияро дарёфт кардааст. Ҳоло тасмим дорад ба додгоҳ муроҷиъат кунад.
Баҳодур аз Уфа ба Паём гуфт, ки хонаводаи онҳо бузург аст ва ҳамагӣ дар Бошқирдистон зиндагӣ мекунанд. “Дар умум ба хонаводаи мо 8 даъватнома омад. 6 нафари бародарзодаву хоҳарзодаҳоям, ки ба комиссариат даъват шудаанд, аз 18 то 23 солаанд ва ҳеҷ кадоми онҳо қаблан хидмат накардаанд. Дар ҳоле, ки дар эълони басиҷ гуфта шуд танҳо сарбозони эҳтиётӣ даъват мешаванд”.
Як манбаъи дигар аз Уфа ба Паём гуфт, ки дирӯз аз як парвоз ба самти Истамбул чандин нафар, ки байнашон 3-4 тоҷик ҳам буданд, манъ карда шуданд.
Пурсидашудаҳо аз Маскав, Екатеринбург, Самара ва Новосибирск ҳам гуфтанд дирӯз хабари дарёфти даъватнома аз тарафи даҳҳо тоҷикро шунидаанд. Меҳрон аз Самара гуфт, ки кормандони комиссариати ҳарбӣ ба ӯ таҳдид кардаанд, ки дар сурати худдорӣ аз рафтан ба артиш то 10 сол ба зиндон маҳкум шуда, аз шаҳрвандии Русия маҳрум хоҳад шуд.
Комиссариатҳои ҳарбӣ танҳо бо даъват сарбозону афсарон иктифо намекунанд. Гуфта мешавад табибон ҳам ба артиш ҷалб карда мешаванд. ҳади ақал як табиби тоҷики муқими Маскав ба артиш даъват шудааст.
Тоҷикон танҳо миллате нестанд, ки ба ин мушкил гирифтор шудаанд. Ҳазорон нафар мардуми рус ва миллатҳои дигар мекӯшанд хоки Русияро тарк кунанд. Дар сарҳадҳои Финланд, Қазоқистон, Гурҷистон ва Муғулистон навбати мошинҳо аз ҳазорҳо мошин шакл гирифтааст. Субҳи имрӯз бархе расонаҳо навиштанд, ки Гурҷистон убури шаҳрвандони Русия аз сарҳадашро бо шиддат маҳдуд кардааст.
Ҳукумати Эстония эълон кард ба шаҳрвандони Русия, ки аз басиҷи умумӣ фирор кардаанд паноҳандагӣ нахоҳад дод. Сарҳади ин кишвар ва 3 кишвари аврупоии дигари ҳамсояҳои Русия барои сайёҳони рус баста шудааст.