Рубрики Хабарҳо

Ҳазорон паноҳҷӯи афғон ба иллати таъхири Кунгура бо хатари ихроҷ аз Амрико рӯбарӯянд

CBS бар истинод бар асноди дохилии ҳукумати Амрико гузориш дод, ки ҳазорон паноҳандаи афғон, ки пас аз суқути Кобул ба Амрико бурда шуданд, дар маърази аз даст додани иҷозаи кор ва ихроҷ дар тобистони имсол қарор доранд. 

Кунгураи Амрико ба рағми фишорҳо, то ҳанӯз лоиҳаи додани иқомати доим ба ин паноҳандагонро тасвиб накардааст. 

Бино бар гузориши ин телевизион, аз 77 ҳазор шаҳрванди Афғонистон, ки ба Иёлоти муттаҳида бурда шудаанд, фақат 4775 нафар то ҳол санади иқомати доимро аз худ кардаанд. 

Ҳарчанд намояндагони ҳар ду ҳизби умдаи Амрико аз суканати афғонҳо дар Амрико ҳимоят карданд аммо лоиҳаи додани иқомати доим ба онон ҳанӯз тасвиб нашудааст. Далели он нигаронии амниятии баъзе аз намояндагони ҷумҳурихоҳ аст, ки дар бораи тарзи интихоб ва баррасии гузаштаи тамоми паноҳандагон тардид ва пурсиш доранд. 

Онҳо нигаронанд, ки мабодо ҷангҷуёни гурӯҳҳои террористӣ монанди Толибон аз қонуни додани иқомати доим баҳра гиранд ва дар оянда барои амнияти Амрико табдил ба як хатар шаванд. 

Бо суқути Кобул ба дасти Толибон, идораи Байден даҳҳо ҳазор нафарро бино ба далоили башардӯстона ва бидуни гузарондани марҳилаи қонунии додани паноҳандагӣ ва виза, ки маъмулан моҳҳо тӯл мекашид, аз Афғонистон берун кард ва ба Амрико овард. 

Акнун сарнавишти ин афрод ба дасти қонунгузорони амрикоӣ аст то бо тағйири қавонин ва дар назар гирифтани истисно, заминаи иқомати ин паноҳандагонро фароҳам кунанд. 

Ҳомиёни паноҳандагони Афғонистон, ки бештар кӯҳнасарбозони низомӣ ҳастанд, гуфтаанд, ки ниёз аст то лоиҳаи таъдили қонун барои паноҳандагони афғон, ба сурати оҷил тасвиб шавад, зеро муҷаввизи кори аксари онҳоба зудӣ ба поён мерасад. 

Криш Умаро Вигнаража, раиси як созмони муҳоҷиратӣ, ки ба сукунати 14 ҳазор афғон кумак кардааст, ба CBS гуфт: “шароит барои паноҳандагон танг аст. Онҳо намедонанд, ки оё дар марҳалаи ихроҷ аз Иёлоти муттаҳида қарор хоҳанд гирифт ё метавонанд ин ҷо бошанд.” 

CBS навишт, ки то ҳафтаи гузашта, дар ду барномаи ҷудогона то ҳол 28600 афғон дархости паноҳандагӣ ва иқомат доим додаанд, ки аз миёни онҳо дархости ҳудуди 4775 нафар мавриди таъйид қарор гирифтааст. 

Ҳомиёни паноҳҷуёни афғон мегӯянд, ки пайдо кардани вакил барои сабти дархости ҳамаи ин афрод сахт аст. Онҳо мегӯянд, ки барои ҳали мушкилоти афғонҳо дар Иёлоти муттаҳида, роҳи беҳтар аз тасвиби лоиҳаи таъдили қонун вуҷуд надорад. 

Касоне, ки бо ин тарҳи қонуни ошно ҳастанд умедвор ҳастанд, ки ин лоиҳа дар ҳафтаҳои оянда муҷаддадан муқобили қонунгузорон гузошта шавад аммо чашмандози тасвиби он заиф аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *