Рубрики Хабарҳо

74 нафар барои 22 курсӣ “рақобат”мекунанд

Комиссиюни марказии интхобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон рӯйхатҳои пешарикардаи ҳизбҳоро чун номзад ба вакилии парлумон аз ҳавзаи интихоботии умумиҷумҳуриявӣ тасдиқ кард.

Барои 22 курсӣ дар парлумон 74 нафар “рақобат” мекунанд. Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки рӯйхати вакилони даъвати навбатӣ кайҳо омода шудааст ва ин “рақобатҳо” байни ҳизби ҳоким ва шаш ҳизби кисагӣ намоишкорие беш нест.

Дар ин байн Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон ҳам, ки ягона ҳизби мустақил дар кишвар аст, низ вориди интихобот шудааст ва метавонад онро каме гарм созад. Аммо таҳлилгарон шонси ба парлумон роҳ ёфтани ҳатто як нафар аз ҳизби Зоировро дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон баробар ба сифр медонанд.

Ҳамин тавр “Азия-Плюс” бо истинод ба КМИР ҶТ аз рӯйхати зерин хабар медиҳад:

Аз Ҳизби аграрӣ 13 нафар:​ Латифзода Рустам, Икромов Фазлиддин, Усмонов Мансур, Холбойзода Неъматулло Холбой, Сафаров Зайниддин,  Аҳмедов Мирзоанвар, Мусозода Шодӣ Абдухолиқ, Мирзозода Музаффар Бурҳон, Аҳмадзода Бахтиёр Ҳикматулло, Ҳайдарзода Ҷонона Ҳайдар, Ниёзов Нуралӣ Сафарович, Сафарова Рупия Ҳакимовна ва Зиё Рахмон.

Аз Ҳизби демократии Тоҷикистон чор нафар номзадҳо ба вакилии парлумон пешниҳод шудаанд:Усмонзода Саидҷаъфар Усмон, Холов Диловар, Зиёзода Таваралӣ Нозимпур  ва Мирзоева Зуҳро.

Аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон: Қудратов Рустам, Файзуллоев Машраб, Ашӯров Ғиёсиддин, Даринг Раҳмон, Ализода Зафар Ахмадҷон, Раҳимов Абдулатиф  ва Раззоқов Боҳодур – ҳамагӣ 7 номзад.

Аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон: Абдуллоев Мироҷ, Мирасанова Зарагул, Мирзоева Қурбонҷон, Ёров Ҳабибулло, Ҳамидов Ҳикматулло ва Раҳмонов Азизҷон – ҳамагӣ 6 нафар.

Аз Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 8 номзад: Ғаффоров Абдуҳалим, Юсупов Маъруфхӯҷа, Наимов Зариф, Рустамова Миҷгона, Боқиев Фаррух, Саидошурова Давлатхоним, Бобоҷонова Наргиза ва Қобилова Уғул.

Аз Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон 8 номзад: Зойиров Раҳматилло Ҳомидович, Ҳакимов Шокир, Самадова Дилбар, Насруллоев Бахтиёр, Шоназарова Нигина, Одинаев Маҳмурод, Азизов Қиёмиддин ва Саидов Сиддиқ.

Аз Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон 28 номзад: Фаттоҳзода Саймурод Самад, Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Бобоҷониён Ранохон Маҳмудзода, Содиқӣ  Насиба Нуруллозода, Мансури Дилрабо Сайдулло, Тағойзода Сумангул Саид, Шарифи Фирӯза Бӯрихонзода, Қосимзода Идигул Тағо, Амонулло Хайрулло, Матробиён Саодатшо Қосимзода, Холиқзода Абдураҳим Ғафор, Табари Абдулло Ҳабибулло, Маҳмудов Музаффарҷон, Идизода Файзалӣ Фузайлшо, Ҷавҳарова Муҷибахон, Аюбӣ Бибиосия Оймаҳмадзода, Ҷӯразода Шарофиддин, Назаров Файзалӣ Насруллоевич, Ҳасанзода Тағоймурод Абдуқодир, Давлатзода Рухсора, Тешаева Сафиямоҳ, Дадаҷонова Саёҳат, Амирбекзода Ҳабибулло, Давлатзода Зулфия Давлат, Аҳмадзода Дилноза Давроналӣ, Ҳамдамов Бахтиёр, Ёдгорӣ Фирдавс Юнусзода ва  Абдуллозода Фариза Саидқул.

КМИР Тоҷиткистон аз аҳзоби сиёсӣ дархост кардааст, ки барои расман бақайдгирии номзадҳояшон ба вакилии палатаи поёнии парлумолн дар муҳлати муқарраршуда ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод кунанд.

Гуфтанист ба палатаи поёнии парлумон 63 вакил – 41 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ва 22 нафар аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ интихоб мешаванд.

Маросими бақайдгирии расмии номзадҳо ба вакилии парлумон то 9 феврал идома меёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *