Аз истеъдодҳои кашфншудаи вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода якеи дигар кашф шуд. Ӯ пиесае эҷод кардааст, ки ҳунарманди шоистаи театр Марям Исоева аз драматизми он ба ҳайрат омадааст.
Нахустнамоиши нахустин пиесаи пулиси рақами аввали кишвар бо номи “Дили модар”, ки онро коргардон Қурбон Собир ба саҳна гузоштааст, қарор аст рӯзи 13-уми август дар Театри академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шавад.
Пиесаи Рамазон Раҳимзода аз зиндагии як ҷавони тоҷик ва модари ӯ қисса мекунад, ки барои ширкат дар ҷангҳо ба Сурия меравад ва модараш ҳам барои ҷустуҷӯи ӯ озими ин кишвари ҷангзада мешавад. Аммо писар модарашро мекушад.
Марям Исоева, ҳунарманди маъруфи тоҷик, ки нақши модарро дар ин пиеса бозӣ мекунад ба радиои Озодӣ гуфтааст «Ман рӯи дар саҳна нақши беш аз 60 модарро бозӣ кардаам. Аммо аз драматизми ин асар дар ҳайрат мондам. Ин авҷи аълои тасвири симои модари тоҷик ва ё, апафеози он аст. Ин қадар модари тоҷик худро барои фарзандаш фидо мекунад.»
Намоиши пешакии пиесаи вазири умури дохилаи Тоҷикистон ба гуфтаи Марям Исоева шоми 5 август бо ҳузури худи Рамазон Раҳимзода, ҷенерол Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, ки аз вузарои қудратии қаламкаш аст, Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанг ва Маҳмадсаид Пирзода раиси Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, доир шудааст.
Намоиш бо маблағгузории Вазорати корҳои дохила омода гардидааст.
Пиесанависӣ танҳо истеъдоди қаламкашии Рамазон Раҳимзода нест. Қаблан дар расонаҳо шеъру манзумаҳои бо тахаллуси Ниҳонӣ ба нашр расида буданд. Гуфта мешавад Ниҳонӣ тахаллуси ниҳонии вазири умури дохилаи Тоҷикистон аст.
Яке аз шеърҳои бо унвони “Ту меарзӣ”, ки дар васфи раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон навишта шудааст, аз тарафи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар соли 2017 беҳтарин шеъри сол дониста шуда буд.
Ду шеъри дигари Ниҳонӣ, ки ба китобу китобхона бахшида шудаанд, дар толори даромадгоҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон овехта шудааст.
Рамазон Раҳимзодаро ҳамчунин муаллифи 100 асари илмӣ, китоби дарсӣ, рисолаҳо, монография, дастури таълимӣ, тафсир ба қонунҳо, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва ҷиноятҳои иқтисодӣ медонанд.
Ӯ номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ буда, ташаббускори ҷорӣ намудани фанни фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун соҳаи алоҳидаи илми ҳуқуқ ва муаллифи китоби дарсии «Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ», барномаи дарсии он ва тестҳо аз ин фан дониста мешавад.
Ба унвону ҷоизаҳои ӯ дар соҳаҳои ҳуқуқшиносиву варзиш унвонҳои “аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон”, аъзо-корреспонденти Академияи илмҳои умумиҷаҳонии амнияти дастаҷамъӣ низ ҳамроҳ шудаанд.
Рисолаи номзадӣ ва чанд асари дигарашро вазири умури дохилаи Тоҷикистон бо забони русӣ иншо кардааст, ки гувоҳи сатҳи баланди забондонии ӯ шумурдан мумкин аст. Аммо вақте русӣ ҳарф мезанад, назари дигар ҳосил мешавад.
Бисёриҳо ба ин назаранд, ки китобу шеърҳои Раҳимзода ба ивази маблағ аз тарафи дигарон навишта мешавад. Далелашон ҳам баромадҳои вазир дар конфронсу нишастҳои матбуотӣ аст. ки аз қоғаз бо мушкилӣ мехонад ва ҷумлаҳояш бесарунӯганд.