Рубрики Хабарҳо

Рустами Эмомалӣ ба Чин рафт. «Хоҷаи хориҷӣ»нав мешавад?

Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин рафт. Рустам меросбари падараш дар ҳукумати кишвар дониста мешавад ва сафараш ба Чинро коршиносон қадаме ҷиддӣ ба самти расидан ба қудрат медонанд.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти палатаи болоии парлумони кишвар, дар ин сафар Рустами Эмомалиро кормандони ҳукумат, вакилони парлумон, намояндагони вазорату идораҳо ва соҳаи тиҷорат ҳамроҳӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, сафари мазкур бо даъвати ҷониби Чин сурат гирифта, то рӯзи 23 август идома хоҳад ёфт.

Ҳукумати Раҳмон то чанд муддат қабл биноар вобастагии зиёди сиёсиву иқтисодӣ сиёсатҳояшро — чи хориҷӣ ва чи дохилӣ бо Русия ҳамоҳанг мекард. Ба ибораи дӯстдоштаи худи ӯ «хоҷаи хориҷӣ»-аш Путин буд. Аммо солҳои охир Чин ҳарчи бештар ҷойгоҳаш дар Осиёи Миёнаро таҳким мебахшад ва вобастагии режими Раҳмон аз Чин бинобар қарзҳои зиёд бештар аз Русия шудааст.

Коршиносон мегӯянд даъвати Рустами Эмомалӣ ба Чин чароғи сабзи ин кишвар ба Раҳмон ба ҷойгузинии писараш дар қудрат аст. Зоҳиран бо интиқоди қудрат «хоҷаи хориҷӣ»-и хонаводаи ҳукмрони Тоҷикистон низ нав мешавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *