Рубрики Хабарҳо

“Туркия кишваре нест, ки аз Амрико тарсад”

Намояндаи баландмақоми депортаменти давлатии ИМА  пешниҳод кардааст, ки Туркия ракетаҳои зинетии С-400 русиро нобуд кунад ва ё аз онҳо халос шавад.

Ба гуфти намояндаи депортаменти давлатии Амрико, харидории С-400 ин нодуруст аст, чунки онҳо метавонанд хатарҳои таҳримбандиро зиёд кунанд. Дуруст аст, ки мувофиқи қонуни CAATSA вақту соати таҳрим муаян нашудааст. Метавон дар бораи таҳримҳо ба Туркия ва вазнинии онҳо гуфт ва аз навъҳои онҳо беохир ҳарф зад.

“Ҳамзамон мо ҳамаи имкониятҳои Туркияро маҳдуд накардаем ва онҳо метавонанд аз мушаки монанд ба С-400 Русия Патриоти амрикоӣ харидорӣ намоянд”, – таъкид кардааст намояндаи департаменти ИМА.

Чанде пеш президенти Амрико, Доналд Трамп ҳангоми сафари ҳамтои туркияш Раҷаб Тайиб Эрдуғон ба Вашингтон умед ба ҳали масоили С-400 карда буд.

Ба гуфтаи Константин Сивков, ноиби президенти Академияи илмҳои мушакию артилерии Русия,  Амрико бо чунин фишороварияш метавонад Туркияро аз даст диҳад.

Сивков мегӯяд, туркҳо ба пурагӣ на ба НАТО ва на ба Аврупо боварӣ доранд, барои ҳамин маҷбуранд системаи ҳарбияшонро нав кунанд. 

Ба бовари ин акадеики соҳаи ҳарбии Русия, Туркия ба Амрико ниёз надорад, баракс Амрико ба Туркия ниёз дорад. Туркия метавонад қувваҳои Амрикоро аз Инжирлик пеш кунад ва ҳатто аз НАТО хориҷ шавад. Туркия кишваре нест, ки аз Амрико ҳарос дошта бошад.

Ёдовар мешавем, ки харидории С-400-и русӣ дар моҳи октябр аз ҷониби Туркия хашми Амрикоро зиёд кардааст ва ҳоло ИМА туркҳоро бо таҳрим тарс дода истодааст. 

Дар , , , ва    моро пайгирӣ кунед!

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *