Рубрики Хабарҳо

Созмони милал бо аксарияти бузурги оро ҳамлаи Русия ба Укроинро маҳкум кард

Маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид бо аксарияти бузурги оро қатъномаеро дар маҳкумияти ҳамлаи Русия ба Укроин тасвиб кардааст. 

Ин қатънома хостори хурӯҷи нерӯҳои Русия аз Укроин ва поёни даргириҳо мешавад. 

141 кишвар ба ин қатънома раъйи мусбат дода, 32 кишвар аз додани раъй худдорӣ кардаанд ва ҳафт кишвар аз ҷумла Русия раъйи манфӣ доданд. 

Ин раъйгирӣ пас аз он сурат гирифт, ки теъдоди зиёде аз намояндагони аврупоӣ дар ҷараёни суханронии намояндаи Русия дар як нишасти парлумонии ниҳоди амниятии Аврупо дар Вена ҷаласаро тарк карданд. 

Хурӯҷи намояндагон аз ҷаласаи Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва райгирии Созмони милал як рӯз пеш аз аввалин солгарди таҳоҷуми Русия ба Укроин сурат мегирад. 

Маҷмаъи умумии Созмони милал дар ин қатънома хостори барқарории сулҳ дар камтарин муддат мешавад. 

Ин қатънома бори дигар бар ҳимоят аз ҳокимият ва тамомияти арзии Укроин таъкид мекунад ва ҳар гуна иддаои Русияро бар бахшҳое аз Укроин, ки таҳти ишғол дорад рад мекунад. Намояндагони парлумони Русия дар моҳи сентябр ба илҳоқи ғайриқонунии чаҳор минтақаи Укроин раъй дода буданд. 

Созмони милал ҳамчунин аз Федератсияи Русия хост, ки “фавран, ба таври комил ва бидуни қайду шарт” тамоми нерӯҳои низомии худро аз хоки Укроин хориҷ кунад ва хостори “поёни хусуматҳо” шуд. 

Ин қатънома аз назари қонунӣ илзомовар нест аммо вазни сиёсӣ дорад. 

Дар ҳоле, ки ин қатънома бо раъйи аксарият қотеъи кишварҳо ба тасвиб расид, чанд раъйи мумтанеъи қобили таваҷҷуҳ вуҷуд дошт. 

Эрон, Чин, Ҳинд ва Африқои ҷануби аз ҷумлаи 32 кишваре буданд, ки ба он раъйи бетараф доданд. 

Ҳафт кишваре, ки раъйи манфӣ доданд Русия, Беларус, Кореяи шимолӣ, Эритрея, Мали, Никарагуа ва Сурия буданд. 

Дмитрий Кулибо, вазири хориҷаи Укроин, гуфт, ки ин раъй “ба вузӯҳ нишон дод, ки Русия бояд ба таҷовузи ғайриқонунии худ поён диҳад” ва “тамомияти арзии Укроин бояд эҳё шавад.” 

Ӯ дар твитте навишт: “як сол баъд аз оғози таҳоҷуми тамомайёри Русия, ҳимояти ҷаҳонӣ аз Укроин ҳамчунон нерӯманд аст.” 

Пештар тасмими Утриш барои эътои визо ба ҳайати русӣ барои ширкат дар нишасти Созмони амнияту ҳамкории Аврупо дар Вена боиси хашми бархе кишварҳо шуд. 

Укроин ва Литва ба далели тасмими Утриш барои даъват аз мақомҳои Маскав алорағми вуҷуди таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи бархе аз онҳо, ин нишастро ба таври комил таҳрим карданд. 

Давлати Утриш эълом кард, ки тибқи қавонини байналмилалӣ муваззаф ба анҷоми ин кор аст, зеро дафтари маркази Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар он ҷо қарор дорад. 

Ричардс Коулз, намояндаи парлумони Латвия, ҳам гуфт, ки додани иҷоза ба Русия барои ширкат дар ин нишаст “мояи шармсорӣ” аст. 

Сипас теъдоди зиёде аз намояндагон дар тӯли суханронии Русия ҷаласаро тарк карданд. 

Аммо Владимир Ҷабборов, намояндаи Русия, ин намояндагонро таҳқир кард ва иддаоҳои бепоя доир бар ин ки таҳоҷуми Русия ба Укроин набарде алайҳи миллигароҳо ва нозиҳое аст, ки Маскав муддаӣ аст давлати Киевро раҳбарӣ мекунанд такрор кард. 

Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар соли 1975 барои беҳбуди равобити байни блоки Ғарб ва Шарқ таъсис шуд. Аъзои феълии он шомили аъзои НАТО ва муттаҳидони Русия аст. 

Владимир Путин раисҷумҳури Русия дар 24 феврали 2022 дар бузургтарин таҳоҷуми Аврупо аз поёни ҷанги ҷаҳонии дувум то кунун 300 ҳазор сарбозро ба Укроин эъзом кардааст. 

Бар асоси тахмини Созмони милал дар ин ҷанги вайронгар ҳадди ақал ҳафт ҳазору 199 ғайринизомӣ кушта ва ҳазорон нафар дигари маҷрӯҳ шудаанд, ки теъдоди воқеии онҳо эҳтимолан бисёр бештар аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *