Рубрики Хабарҳо

4 сафири Тоҷикистон иваз мешаванд

Тоҷикистон сафиронаш дар дар чаҳор кишвар — ду кишвари аврупоиву ду осиёӣ иваз мекунад.

Аз ҷумла сафири Тоҷикистон дар Белгия ва Намояндаи доимии кишвар дар Иттиҳоди Аврупо ва НАТО Эркинхон Раҳматуллозода зоҳиран ба нафақа фиристода мешавад.  

Тибқи иттилои Радиои Озодӣ, тасмим рӯзи 31 май дар ҷаласае дар Душанбе эълон шуда, зоҳиран аксари сафирон бо сабаби поёни давраи кор барканор ва дар ҷойи онҳо шахсони дигар ба вазифа таъйин мегарданд.

Ба ҷойи Раҳматуллозода Музаффар Ҳусейнзода таъйин мешавад, ки то ин дам муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд ва дар гузашта дар намояндагии кишвар дар Узбекистон кор кардааст.

Ба ҷойи Фаррух Шарифзода ба мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекозода таъйин мешавад, ки дар гузашта дар Маркази тадқиқоти стратегӣ кор мекард, сипас сардори бахши иттилоот ва матбуот ва солҳои охир роҳбари бахши таҳлили сиёсӣ ва барномарезии Вазорати корҳои хориҷӣ ва ҳамчунин фиристодаи хоси Тоҷикистон дар умури Афғонистон буд.

Ҷамшед Ҳомидов аз мансаби сафири Тоҷикистон дар Швейтсария озод ва ба ҷояш Шараф Шерализода таъин мешавад.

Иқтисоддон Шараф Шерализода, ки дар гузашта дар «Амонтабонк» ва ҷамъияти саҳҳомии Нерӯгоҳи «Роғун» кор кардааст, аз моҳи апрели соли 2021 муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд.

Сафири Тоҷикистон дар Кореяи Ҷанубӣ ҳам иваз мешавад. Дар ин мақом ба ҷойи Юсуф Шарифзода Далер Киромов меояд. Юсуф Шарифзода хатмкардаи бахши шарқшиносӣ буда, дар гузашта дар консулгарии Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб ва шаҳри Карочии Покистон кор кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *