Рубрики Хабарҳо

Кумитаи дини Тоҷикистон Эронро “мори зери остин” номид

Кумитаи дини Тоҷикистон дар як бо имзои мудири  шуъбаи оид ба корҳои дин дар вилояти Суғд, ки дар сомонаи ин кумита нашр шудааст, Эронро “мори зери остин” номида, аз ин кишвар талаб кардааст аз Тоҷикистон узр пурсад.

Масъули Кумитаи дин аз Эрон даъват кардааст “Кабирӣ ва ҳаммаслакон”-и ӯро ба Тоҷикистон таслим намуда, узр хоҳад. Дар ҳамин ҳол шарҳ надодааст, ки чӣ гуна Эрон метавонад нафареро, ки дар Аврупо қарор дорад ба Тоҷикистон таслим намояд.

Рустамзода Суҳроб Ҳакимӣ, мудири  шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну марсоимҳои миллӣ дар вилояти Суғд аз “тазоҳурот” дар назди сафорати Эрон низ қадодонӣ кардааст: “Дар назди сафорати Эрон гирд омадани сокинони ҷумҳурӣ хеле амри саривақтӣ ва иқдоми зарурӣ алайҳи хоини миллат Кабирӣ ва пуштибонони ӯ буд.”

Ин масъули кумитаи дин бо ишора ба Эрон гуфтааст: “Баръало маълум ва равшан гардид, ки ташкилкунанда ва дастгирикунандаи ҳизби наҳзати хунхор кишваре будааст, ки мори зери остинро мемонад”.

Рустамзода бидуни ҳеҷ шарҳ баёни асли мақсад ба мазҳаб ҳам ишора кардааст: “Мо мазҳаб дорем. Мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ! Мазҳаби мо намунаи олии тарғиби исломи муътадил ба ҳисоб меравад, мусулмонони миллатамон бо ифтихор бо он пайравӣ мекунанд ва онро гиромӣ медоранд.” Зоҳиран ӯ ба суханони раисҷумҳури Тоҷикистон, ки ҲНИТ-ро ба қабул кардани мазҳаби шиъа муттаҳам кард, ишора кардааст.

Дар охир аз Эрон даъват кардааст “Кабирӣ ва ҳаммаслакон”-и ӯро ба Тоҷикистон таслим намуда, узр хоҳад: “Кишварҳои дӯсту бародар, махсусан ҷумҳурии исломиро мебояд, ки агар, дар ҳақиқат бо Тоҷикистон сиёсати сулҳҷуёнаро пеша кунад ва миллати тоҷикро эҳтиром намояд, бояд хоинони миллату ватани Тоҷикистонро душмани худ донад, аз дастгириву маблағгузории онҳо даст кашад, Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯро ба Тоҷикистон таслим намояд ва аз хатокориҳояш узр пурсад”.

Дар “тазоҳурот”-и назди сафорати ин кишвар низ “мӯътаризон”-и алайҳи ҲНИТ ҳамин талабро доштанд.  

Сомонаи расмии Кумитаи дини Тоҷикистон ҳамчунин се навиштаи дигар бо имзои Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, сархатиби масҷиди ҷомеи марказии ш. Хуҷанд, Ибодулло Калонзода, имомхатиби масҷиди «Нури ислом»-ш.Хуҷанд ва Аҳлиддин Сайвалиев, мутахассиси Кумитаро нашр кардааст,  “тазоҳурот” назди сафорати Эронро дастгирӣ ва худи ин кишварро маҳкум мекунанд.

Сабки ин мақолаҳо ва маънии яксонашону калимаву ҷумлаҳои истифодашуда дар онҳо нишон медиҳанд, ки ҳамаи ин “мақола”-ҳо ба қалами як нафар таъаллуқ доранд. Вале чаро мақомот барои муқобала бо ҲНИТ ва санг задани Эрон аз имомхатибон ва “мутахассисон”-и суғдӣ истифода мебаранд, суоли матраҳ аст.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *