Рубрики Хабарҳо

Артиши Амрико аксҳои нодире аз як бомби сангаршикани қудратмандро мунташир ва ҳазф кард

Ҳамзамон бо эҳтимоли ҳамлаи Амрико ба таъсисоти атомии Эрон дар сурати шикасти талошҳои дипломотик, Ассошиэйтед пресс мегӯяд артиши Амрико дар авоили моҳи май аксҳои бомби сангаршикани JBU-57-ро барои муддати кӯтоҳе дар Фейсбук нашр ва ҳазф кард.   

Ин бомб қудрати нуфуз ба умқи замин ва тахриби таъсисоти зерзаминиро дорад. 

Ин хабаргузорӣ навишт, ки Эрон дар ҳоли пешрафти мудовим барои сохти таъсисоте аст, ки амиқтар аз бурди бомби JBU-57 бошад. Ин бомб охирин силоҳ Амрико барои аз байн бурдани таъсисот ва паноҳгоҳои зерзаминӣ маҳсуб мешавад, ки аз он барои ғанисозии уран истифода мекунад. 

Аксҳои бомби JBU-57 барои фақат як рӯз дар сафҳаи фейсбукии Пойгоҳи нерӯи ҳавоии Войтман дар Иёлоти Миссури мунташир шуд. Ин аксҳо сипас ба далели ин, ки ҳовии иттилооти ҳассос дар бораи ин силоҳ буд, бардошта шуд. 

Навиштаи рӯйи бомби JBU-57 нишон медод, ки вазни ин бомб бештар аз 12 ҳазор килограмм аст ва бештари қисматҳои он аз фӯлоди вазнин сохта шудааст, то қабл аз инфиҷор дар бетон ва хок нуфуз кунад. 

Корҳои дақиқи ин силоҳ то ҳанӯз мушаххас нест, аммо коршиносон мегӯянд, ки ин бомб метавонад қабл аз мунфаҷир шудан то 60 метр ба замин фурӯ биравад. 

Ассошиэтед пресс мегӯяд Эрон дар наздикии сайти Натанз дар ҳоли ҳафри туннеле дар як кӯҳ аст, ки эҳтимол меравад байни 80 то 100 метр умқ дошта бошад. 

Дар соли 2019 низ артиши Иёлоти муттаҳида дар авҷи таниш бо Теҳрон бар сари барномаи ҳастаии ин кишвар видеое аз як бомбафкани В-2-ро дар ҳоли партоби ду бомб мунташир кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *