Рубрики Хабарҳо

Рӯзҳои истироҳат аз коруно дар Русия 1360, дар Тоҷикистон 1 нафар даргузашт

Рӯзи шанбе, 3 июл 697 ва рӯзи якшанбе 663 нафар дар Русия аз гирифторӣ ба вируси коруно ҷон бохтанд. Дар ду рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон, тибқи маълумоти расмӣ ҳамагӣ як нафар ҷон бохтааст. 

Русия рӯзи якшанбеи 4-уми июл эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 25 ҳазору 142 нафар дар ин кишвар ба КОВИД-19 гирифтор шуданд, ки баландтарин рақам аз аввалҳои моҳи январ то кунун ба шумор меравад. Оморҳои расмии Русия нишон медиҳад, ки рдар ду рӯзи истироҳат дар ин кишвар 1360 нафар бар асари гирифторӣ ба КОВИД-19 ҷон бохтанд ва ба ин тартиб, шумораи қурбониёни ин вирус дар Русия ба 137 ҳазору 925 нафар расид.

Теъдоди умумии фавтидагон аз замони шуйӯъи вирус дар дар баҳори соли гузашта Тоҷикистон расман ҳамагӣ 93 нафар қурбонӣ додааст. Рӯзҳои 3-4 июл шумори сироятёфтагон ба коруно дар Тоҷикистон тибқи Вазорати тандурустӣ 49 нафар зиёд шуд. Аммо танҳо шумори фавтидагон аз ин беморӣ, дар ин ду рӯз номашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ рафт, бештар аз шумори гирифторонест, ки вазорат мегӯяд.  

Ба гуфтаи мақмомоти рус, авҷи нави гирифторӣ ба КОВИД-19 дар Русия дар натиҷаи майл надоштани бисёре аз мардуми ин кишвар ба ваксинагирӣ аст. Танҳо ҳудуди 15 дарсади мардуми Русия ваксинаи зидди КОВИД-19-ро гирифтаанд. Бисёре аз русҳо гуфтаанд, ки ба ваксина ва изҳороти мақомоти Русия дар ин бора бовар надоранд.

Аввалҳои ҳафтаи гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия аз шаҳрвандони ин кишвар дар коромад будани ваксинаҳо шак надошта бошанд ва ба бемористонҳо ҳозир шуда, худро эм кунанд. Ӯ воксинаҳои тавлиди Ғарбро хатарнок хонд, ки ба гуфтаи коршиносон боиси эътирози бештари мардуми кишвараш ба воксини русиягӣ шуд. 

Гуфтанист, бо қарори Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус аз 2 июл воксинзанӣ дар Тоҷикистон барои шахсони синни аз 18-сола боло ҳатмӣ шуд.

Дар муроҷиати Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар Тоҷикистон, ки дар нашр шудааст, аз шаҳрвандони кишвар эҳтиромона хоҳиш шудааст, ки “вобаста ба хуруҷи мавҷи нави бемории коронавирус дар аксар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон қоидаҳои гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ ва фосилаи иҷтимоиро қатъиян риоя карда, дар нақлиёт ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳатман аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намоянд”.

Дар ҳамин ҳол, омодагии саросарӣ барои ҷашни 30-солагии Истиқлолият бо ҳузури ҳазорон нафар дар машқҳои марширофка идома дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *