Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2022 беш аз 3 миллиарду 700 миллион долларро ташкил дод. Дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотӣ Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи Каримзода, ин рақам 790 миллиону 300 ҳазор доллар ё 27,1% бештар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.
Ҳаҷми воридот дар ин давра, тавре раиси хадамоти гумрук қайд кард, ба 2 миллиарду 322 миллион доллар, содироти мол 1 миллиарду 389 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил додааст.
Барои муқоиса, содироти танҳо шаҳри истамбули Туркия дар ин муддат наздик ба 50 миллиард долларро ташкил додааст, ки 35 баробар (!) бештар аз Тоҷикистон аст.
Хиссаи асосии содироти молро асосан ашё хом, маъданхо, концентратхо, нахи пахта, алюминий, кувваи барқ ва ғайра ташкил медиҳанд.
Дар воридот ҳиссаи асосиро маҳсулоти нафтӣ, гандум, воситаҳои нақлиёт, равғани растанӣ ва ғайра ташкил медиҳад.