Рубрики Хабарҳо

“Турне”-и “зиддитеррористии” Юсуф Раҳмон. Ё чаро “пешво” тими Озодаро қудратмандтар мекунад

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, дар ҳоле, ки дар дохили кишвар мавқеъашро пурзӯр кардааст, зоҳиран ҳадафи матраҳ кардани худ дар хориҷро низ дар сар мепарварад. Ӯ ҳоло яке аз “масъулиятҳои” дӯстдоштаи Эмомалӣ Раҳмон — бастани шартномаҳои амниятӣ бо кишварҳо ва чун террорист муаррифӣ кардани тоҷикон дар ҷаҳонро ба дӯш гирифтааст. 

Додситони кулли Тоҷикистон, ки бо як “турне”-и “зиддитеррористӣ” дар Аврупо қарор дорад, рӯзҳои 19-20 сентябр дар Испаниё бо мақомоти қудратии ин кишвар, аз ҷумла ҳамтои испаниёияш дар бораи муқовимат бо терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо, ба вижа дастгиру истирдоди ҷинояткорон ду рӯз гуфтушунид кардаааст. Ба Испаниё пешниҳод шуда, ки аз Маркази ягонаи итилоотии Додситонии кулли Тоҷикистон истифода барад.

Рӯзи қабл аз ин мулоқотҳо айбдоркунандаи рақами 1-и Тоҷикистон дар шаҳри Лиони Фаронса бо Стивен Кавана, муовини Котиби генералии Ташкилоти байналмилалии пулиси ҷиноятӣ (INTERPOL) мулоқот карда, масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуда буд. Гуфта мешавад масъалаҳои марбут ба кофтукови байналмилалии ҷинояткорон мавзӯи асосии ин вохӯрӣ будааст.

Гуфтанист, солҳои охир Интерпол бинобар сӯистифодаи мақомоти Тоҷикистон аз имкониятҳои ин созмон ва талаби зиёди боздоштҳои сиёсӣ, қабуди дархостҳо аз Тоҷикистонро бо шиддат маҳдуд кардааст. Ҳамчунин ҷанде аз мухолифони сиёсӣ, аз ҷумла раҳбари ПМТ аз рӯйхати Интерпол берун карда шудаанд. Зоҳиран Юсуф Раҳмон дар пайи тағйири назари мақомоти ин созмони бонуфуз аст. 

Албатта баъид аст додситони кулли Тоҷикистон муваффақ ба баргардонидани дубораи мухолифони тоҷик ба рӯйхати Интерпол ё истирдоди кадоме аз онҳо аз Аврупо шавад, аммо худи кӯшишу фаъолшавиаш дар арсаи байналмиллалӣ аз ҳадафҳои бузургтар аз ҳуқуқии ӯ шаҳодат медиҳанд.

Аврупо танҳо ҳадафи Додситонии кулли Тоҷикистон, аниқтараш шахси Юсуф Раҳмон нест. Қаблан ниҳоди зертобеъи ӯ бо намояндагони Додситонии кулли Русия, Озарбойҷон ва дигар кишварҳои ИДМ , зимни он дар мавриди дастгир ва истирдоди “ҷинояткорони махсусан хавфнок”, муқовимати муштарак ба терроризм, экстремизм ва киберҷиноятҳо гуфтушунид карда буд.

Гуфтанист, мақомоти Тоҷикистон аксари ҳизбу ҳаракартҳои мухолифро террористиву экстремистӣ эълон карда, аъзои онҳо ва дигар фаъолони сиёсиро “террорист” меноманд ва дархостҳояшон ба кишварҳои дигар ҳам ба ҳамин унвон фиристода мешавад. 

Дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон , ки Юсуф Раҳмон дар сафараш ба Испониё ҳамчунин бо роҳбарияти Вазорати адлия ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания рӯзҳои 19-20-уми сентябр мулоқот намуд.

Манбаъ менависад “дар рафти мулоқотҳо масъалаҳои муқовимати муштарак бо терроризм ва экстремизм, киберҷиноятҳо, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, дастгир ва истирдод намудани ҷинояткорон, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд.”

Гуфтанист, Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания мақоми ваколатдори давлатии Испания дар муқовимат ба экстремизм ва терроризм мебошад.

Инчунин, мубодилаи маълумоти фаврӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муайян намудани хатару таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ ба уҳдаи ин мақом вогузор шудааст.

Дар хабар гуфта мешавад Додситонии кулли Тоҷикистон ва Гвардияи миллии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Испания ҳамкориро бештар ба роҳ мемонанд ва Испания дар оянда метавонад бо ёддошти тафоҳум аз Маркаи ягонаи итилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Додситонии кулли Тоҷикистон истифода барад.

Фаъолшавии додситони кулли Тоҷикистон дар Аврупо дар ҳолест, ки  аксари мухолифони ҳукумати Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, коршиносон ҳадаф аз сафарҳои хориҷии Юсуф Раҳмонро на ба гуфтаи худаш “таҳкими волоияти қонун” балки комилан сиёсӣ медонанд. Ӯ дар муборизаи дохилӣ барои қудрат бар ҳарифони асосиаш — раиси КДАМ Саймумин Ятимов ва вазиди дохила Рамазон Раҳимзода пирӯз шуда, ба пурқудраттарин мансабдор баъди раисҷумҳуру фарзандонаш табдил шудааст.

Юсуф Раҳмонро аз паймонкорони Озода Раҳмон, духтари раисҷумҳур дар мубориза барои қудрат медонанд. Афзоиши нуфузи ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки замони интиқоли қудрат дар Тоҷикистон наздиктар мешавад ва Рустами Эмомалӣ, писари раисҷумҳур барои расидан ба курсии падар роҳро тақрибан ҳамвор кардааст.

Дар ҳамин ҳол додани салоҳиятҳои зиёд ба ҳампаймони духтараш Озода аз тарафи раисҷумҳур гувоҳи ин аст, ки ё ӯ ҳанӯз дар интихоби меросбари асосӣ шак дорад, ва ё мехоҳад тавозуни қувва байни фарзандонашро нигоҳ дорад, то яке дигареро “фурӯ” набарад. 

Дар ҳамин ҳол, қудрати бесобиқа касб кардани Юсуф Раҳмон дар ҳолест, ки ҳеҷ кадом аз афроди тими Рустами Эмомалӣ аз чунин қудрат баҳравар нестанд ва ҳатто ба он наздикӣ надоранд. Албатта нуфузи худи Рустам аз Озода бамароти бештар аст, аммо дар сафи ҳампаймонҳо надоштани ҳеҷ кадом аз раҳбарони ниҳодҳои қудратӣ шонси ӯро дар сурати вуқӯъи низоъ барои қудрат, бисёр кам мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ба назар мерасад замони Саймумин Ятимов ва Рамазон Раҳимзода низ сар омадааст. Дар тими ҳеҷ кадом аз фарзандони “пешво” қарор надоштани ҳардуи ин раҳбари ниҳодҳои қудратӣ ва торафт камтар шудани нуфузашон дар дохил, метавонад гувоҳи ин бошад, ки тасмими барканории онҳо гирифта шуда ва на Рустаму на Озода намехоҳанд “фигураи мурда”-ро дар тимашон дошта бошанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *