Расонаҳои Арманистон , ки раҳбарони “ҷудоиталаб”-и Қарабоғи Кӯҳӣ “бо оташбаси пешниҳоди мақомоти Озарбойҷон мувофиқат кард”, ки имрӯз аз соати 13:00 ба вақт маҳаллӣ ба иҷро медарояд.
Ин оташбас хурӯҷи комили нерӯҳои Арманистон аз “минтақаи истиқрори неруҳои ҳофизи сулҳи Русия”, халъи силоҳи ва парокандасозии “артиши дифоъи Қарабоғи Кӯҳӣ” ва хурӯҷи тамоми таҷҳизоти сангин ба хориҷ аз Қарабоғ бо нобудсозии баъдии он аст.
Масоили марбут ба пайвасатни дубораи Қарабоғ ба Озарбойҷон байни намояндагони мардуми маҳаллӣ ва мақомоти Озарбойҷон дар ҷаласоти баъдӣ ҳалу фасл хоҳад шуд.
Ба гузориши Ситоди иттилоърасонии ҷумҳурии худхондаи Қарабоғ, мақомоти мақомоти ин “ҷумҳурӣ” пешниҳоди сулҳбонони рус барои оташбасро пазируфтианд.
Тибқи иттилоъи ин манбаъ, тавофуқ бар таваққуфи комили даргириҳо бо миёнҷигари неруҳои ҳофизи сулҳи Русия, ба даст омада, аз соат 13:00 рӯзи 20 сентябри 2023 ба амао даромадааст.
Степанакерт ва Боку тавофуқ кардаанд, ки дар 21 сентябр дар Евлах бо якдигар дидор кунанд. Дар он ва дар ҷаласоти баъдӣ, мавзӯъҳои матраҳшуда тавассути Озарбойҷон дар мавриди пайвастани дубора, кафолати ҳуқуқ ва амнияти арманиҳои Қарабоғи Кӯҳӣ ва ҳамчунин таъмини маишати мардуми Қарабоғи Кӯҳӣ дар чорчӯби қонуни асосии Озарбойҷон матраҳ хоҳад шуд.