Мақомоти умури дохилии вилояти Суғд мегӯянд, маъмурини милиса бо гуруҳҳои корӣ наздики 9 миллион сомонӣ қарздорӣ аз барқро ҷамъоварӣ кардаанд
Дар натиҷаи фаъолияти дастаҷамъонаи ниҳодҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои корӣ дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳолатҳои мавҷуд будани қарздорӣ ё истифодаи ғайриқонунии неруи барқ ошкор гардид.
Ба иттилои агентии иттилоотии Ховар 4 гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо кормандони шуъбаи 1-и Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Исфара аз 10 декабр то 8 январ аз ҳисоби қарздорӣ аз барқ зиёда аз 3 миллиону 700 ҳазор сомонӣ рӯёниданд.
Дар хабар омадааст, «Дар ин давра дар ноҳияи Мастчоҳ низ 4 гурӯҳи корӣ фаъолият бурда, зиёда аз 2 770 000 сомонӣ маблағи қарзӣ барқарор карда шуд. Дар шаҳри Гулистон аз ҷониби 7 гурӯҳи корӣ қариб 2 500 000 сомонӣ маблағи қарзӣ ҷамъоварӣ гардид, ки он асосан қарздорӣ аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ мебошад”.
Қаблан бо мақсади ба аҳолӣ шарҳ додани муҳтавои Муроҷиатномаи ширкати «Барқи тоҷик» барои сарфакорӣ дар навоҳии кишвар гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуданд. Ҳадафи ин иқдом инчунин пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, арзёбӣ мешавад.
Феълан кори гуруҳҳои корӣ бо ҷалби масъулини ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла маъмурини милиса идома дорад.