Пас аз зилзила ва тӯфони фоҷиабори соли 2011, ки боиси ҳалокати даҳҳо ҳазор нафар ва фоҷиаи нуклеарӣ дар нерӯгоҳи Фукусима гардид, Ҷопон тасмим гирифт, ки дигар ҳаргиз чунин офати табиӣ ин қадар талафоти ҷонӣ ва молиро ба бор наорад.
Бо ин ҳадаф, ҳукумати Ҷопон сохтмони як девори азими соҳилиро оғоз кард, ки имрӯз ба бузургтарин тарҳи муҳофизатӣ дар таърихи кишвар табдил ёфтааст.
Ин девор 395 километр аст ва дар баъзе мавзеъҳо то 12 метр баландӣ мерасад. Он дар соҳили ҷазираи Хонсю бунёд шудааст ва аз миёни даҳҳо шаҳр мегузарад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube