Cитоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон субҳи шанбе ёздаҳуми январ, бо судури иттилоияе эътироф кард, ки ҳавопаймои мусофирбари Украинӣ, ки ба ҷон бохтани 176 нафар мунҷар шуд,”хатои инсонӣ” буда ва бар асари исобати мушаки зиддиҳавоии Сипоҳи посдорони ин кишвар соқит шудааст.
Дар иттилоияи Ситод кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон дар хусуси суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина омадааст: “Дар паи таҳдидҳои раисҷумҳур ва фармондеҳони низомии Амрикои ҷинояткор мабнӣ бар ҳадаф қарор додани теъдоди зиёде аз аҳдоф дар хок Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сурати анҷоми амалиёти мутақобил ва назар ба афзоиши бесобиқаи таҳаррукоти ҳавоӣ дар минтақа, неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба манзури посухгӯӣ ба таҳдидоти эҳтимолӣ дар болотарин сатҳи омодабош қарор гирифтанд”.
Ситоди муштараки неруҳои мусаллаҳи Эрон дар ин иттилоия таъкид кард: “Дар соъоти пас аз анҷоми амалиёти мушакӣ, парвозҳои ҷангии неруҳои террористи америкаӣ дар перомуни кишвар афзоиш ёфта ва бархе ахбор низ аз мушоҳидаи аҳдофи ҳавоӣ ба самти марокизи роҳбурдӣ дар кишвар ба воҳидҳои дифоъии восил ва аҳдофи мутааддиде дар бархе сафаҳоти радар мушоҳида шуд, ки мӯҷиби ҳассосияти бештар дар маҷмӯаҳои падофанди ҳавоӣ гардида аст”.
Ҳамчунин дар чунин шароити ҳассос ва буҳронӣ, парвози шумораи 752 хутути ҳавоии Украина аз фурудгоҳи Имом Хумайнӣ ҳаракат намуда ва дар ҳангоми чархиш, комилан дар ҳолати наздикшаванда ба як маркази ҳассоси низомии Сипоҳ ва дар иртифоъ ва шакли парвози як ҳадафи мутахосим қарор мегирад, ки дар ин шароит бар асари бурузи хатои инсонӣ ва ба сурати ғайр амд, ҳавопаймои мазкур мавриди исобат қарор гирифта, ки мутаассифона мӯҷиби ба шаҳодат расидани ҷамъе аз ҳамватанони азиз ва ҷон бохтани теъдоде аз атбоъи хориҷӣ мегардад.