Рубрики Хабарҳо

Раҳмон самти масрафи садақаи фитрро муайян кард

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, пешниҳод кард, ки манзили зисти афроди камбизоат дар навоҳӣ аз ҳисоби фитри рӯза ва қурбонӣ бо навбат таъмиру бозсозӣ шавад

Раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари ахираш ба шаҳри Турсунзода дар хитоб ба сокинон гуфт вақте зиндагии гуруҳе хуб аст, бояд ба ниёзмандон кумак кунанд ва пешниҳод намуд, ки дар маҳалҳо аз ҳисоби фитри рӯзаю қурбонӣ хонаю дари афроди камбизоат дуруст карда шавад.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки “Хонаю дари онҳоро ҳам ба навбат бинед, зиндагияшон, чи намерасад, маслиҳат кунед дар ҳамон деҳа, дар ҳамон маҳалла чанд нафар ҳастанд. Панҷ нафар барои се сол тақсим мекунем. Фитри рӯза дорем, дар иди Қурбон қурбонӣ мекунем. Ҳамин хел ҷамъ мекунем, меравем хонаи яктояшро дуруст мекунем. Соли дигар навбати дигар”.

Ӯ тавзеҳ дод, ки ин рукнҳои дини мубини Ислом ҳастанд ва афзуд, мо пеши роҳи садақаю хайротро нагирифтаем. Раисиҷумҳур таъкид намуд, онҳое, ки роҳу мактаб месозанд, об таъмин мекунанд, аз савоби зиёд бархӯрдор хоҳанд шуд. Аммо раисҷумҳур нагуфт, ки худаш ё яке аз узви оилаааш  аз ҳисоби маоши моҳона оё ба як дармондае кумак кардаанд ё на.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *