Рубрики Хабарҳо

Боздошти писари Зубайдуллоҳи Розиқ ва интиқоли худаш ба ШИЗО

Писари зиндонии сиёсии тоҷик ва узви Раёсати Олии ҲНИТ Зубайдуллоҳи Розиқ — Асроридин аз ҷониби кормнадони КДАМ боздошт шудааст. Худи Зубайдуллоҳ Розиқи 76-сола ба ҳуҷраи ҷаримавӣ дар зиндон интиқол ёфтааст.

Баъди фаъолшавии мухолифон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла баромадҳои пайиҳами раиси ПМТ Муҳиддин Кабирӣ ва маъракаи талаби истеъфои Раҳмон, роҳандозишуда аз ҷониби пойгоҳи “Ислоҳ”, фишор болои хонаводаи мухолифин, зиндониёни сиёсӣ ва фаъолони дохили кишвар шиддати нав гирифтааст. 

Ҳисомиддин Зубайдуллоҳ, писари Зубайдуллоҳи Розиқ, ки дар Аврупо паноҳанда аст, дар саҳифаи фейсбукиаш аз боздошти додараш аз ҷониби кормнадони КДАМ ва интиқоли падараш ба ШИЗО хабар додааст. Ӯ менависад:   

“Бародам Асрориддинро рӯзи 25-уми июн кормандони КДАМ бо сабабҳои номаълум боздошт кардаанд. Бо ин боздошт ғазабашон паст нашудааст ва падари пирамро, ки яке аз зиндониҳои сиёсӣ аст, дирӯз ба ШИЗО (ҷое ки зиндониҳоро ҷазо медиҳанд) бурдаанд.

Сабабаш аз ҷои хобашон китоби Қуръон ва антисептик дарёфт кардаанд. Ва мо хеле нигарони саломатии падари бузургсолам ҳастем ки дар синни 76 солагӣ тоқати ингуна азобҳоро дошта бошад. Илоҳо падару бародарамро ҳифз кун”.

Худи Ҳисомиддин ба Паём гуфт, ки аз бародараш талаб кардаанд дар муқобили дастгоҳи наворбардорӣ ҲНИТ-ро террористӣ ва раису фаъолони онро хоину ватанфурӯш эълон кунад, аммо ӯ розӣ нашудааст. Ҳисомиддин мегӯяд, ародараш таҳти шиканҷаи шадид қарор дорад ва тибқи иттилоъи расида, имрӯз, 29 июн бояд ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шавад. 

Боздошти Асрориддин, тибқи гуфтаи бародараш дар кӯча сурат гирифтаст.

Тибқи иттилоъи манобеъи Паём ҳоло хонаводаи аксари фаъолони мухолиф таҳти фишори шадиди мақомот қарор доранд ва бештарашон ба идораҳои амнияту пулис эҳзор шуда, аз онҳо наворбардорӣ шудааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *