Рубрики Хабарҳо

Ташдиди таниш миёни Покистон ва Амрико

Дар ду се рӯзи оғози соли нави мелодии 2018, танишҳои лафзӣ миёни Амрико ва Покистон афзоиш ёфтааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико дар паёми тунде дар саҳифаи твитерии худ, рӯз 1-уми январ Покистонро ба паноҳ додани террористҳо муттаҳам кард.

Ба иттилоъи ВВС, Трамп аз ҷумла гуфт: “Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо соддалавҳӣ дар 15 соли гузашта, беш аз 33 миллиард доллар ба Покистон кӯмак кардааст ва онҳо дар иваз ба ҷуз аз дурӯғ ва фиреб чизе ба мо надодаанд. Бо ин тасаввур, ки раҳбарони мо аҳмақ ҳастанд.”

Раисҷумҳури Амрико ҳамчунин илова намудааст: “Покистониҳо ба террористҳое, ки мо дар Афғонистон ба дунболашон ҳастем, паноҳгоҳ дода ва ба мо кӯмаки зиёде накардаанд. Дигар бас аст!”

Асосан танишҳои лафзӣ, миёни ду кишвар, баъд аз пирӯзии Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико ва эълони стратегияи нави ин кишвар дар Афғонистон шурӯъ шуд. Аниқтараш рӯзи 22-юми августи соли 2017, Трамп айнан суханони монанд ба паёми твиттерии имсолаашро низ такрор карда аз ҷумла чунин гуфта буд: “Мо ба покистониҳо миллиардҳо доллар пардохт кардаем, вале онҳо ба террористҳое паноҳ додаанд, ки мо бо онҳо меҷангем.”

Як моҳ баъд низ, муовини раиси ҷумҳури Амрико, Майк Пенс зимни сафараш ба Афғонистон ба Покистон ҳушдор дод, ки ба “террористҳо” паноҳ надиҳад.

Рӯзи 2-юми январи соли ҷорӣ ҳам намояндаи Амрико дар Созмони милал Никӣ Ҳейлӣ, эълон кард, ки кишвараш кӯмаки 255 миллиондоллариаш ба Покистонро қатъ хоҳад кард.

Ҳарчанд дар гузашта Покистон ба навъе ба изҳороти Трамп ва дигар мақомоти амрикоӣ посух дода буд, аммо ба назар мерасад вокуниши Покистон ба паёми ахири Трамп ҷиддӣ хоҳад буд.

Дар ҳамин росто, имрӯз бо дастури Шоҳид Хоқон Аббосӣ, нахуствазири Покистон нишасти Комиссияи амнияти миллии ин кишвар баргузор шуд, ки бо пахши як эъломия гуфтаанд, Амрико кӯшишҳои Исломобод дар мубориза бо терроризмро нодида мегирад. Дар эъломия, ки чанд соат қабл мунташир шуд, аз ҷумла омадааст: “Покистон дар мубориза бо терроризм 123 миллиард доллар зарар дидааст ва дар ҳоли ҳозир шибҳи низомиён, ҳеч паноҳгоҳи амне дар ин кишвар надоранд.”

Пештар Вазири дифоъи Покистон Хуррам Дастгир Хон, ҳам ба расонаҳо гуфта буд “ҳамкорӣ миёни Иломобод ва Вашингтон тақрибан ба поён расидааст ва наметавон имкони амалиёти низомии Амкрико дар дохили кишварро қабул кард.”

Дар вокунишҳои дигаре ба суханони Трамп, намояндаи Покистон дар Созмони милал эълон кард, ки дар сурати ҳамкорӣ накардани Амрико, Покистон дар ин ҳамкориҳо таҷдиди назар хоҳад кард ва низ ҷамъе аз тазоҳургарон дар Исломобод парчами Амрикоро ба оташ кашиданд.

Дар ҳамин ҳол Чин ва Русия, билофосила баъд аз афзоиши танишҳои лафзӣ миёни Покистону Амрико, ба дилдории Покистон пардохта, эълон кардаанд, ки бар хилофи Амрико дар канори Покистон хоҳанд истод.

Дар гузашта Амрико Покистонро яке аз шарикҳои стратегии худ дар мубориза бо терроризм медонист ва солона садҳо миллион доллар ба ин кишвар кӯмак мекард. Гоҳо озодона бо иддаъои мубориза бо гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар амалиёти низомӣ анҷом медод. Аммо бо рӯйи кор омадани Трамп, ин ду кишвари қаблан ҳамкори стротегӣ, феълан ба душмани лафзии ҳамдигар табдил шудаанд ва эҳтимол дорад ҷои пои Амрикоро кишварҳои дигаре мисли Чин ва Русия бигиранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *