Рубрики Хабарҳо

Озода Раҳмон 40-сола шуд

Озода Раҳмон Эмомалӣ, ходими давлатӣ, дипломат ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аст.

Озода Раҳмон 3-уми январи соли 1978 дар оилаи кишварз (колхозчӣ) дар ноҳияи Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳоло Хатлон) ба дунё омадааст.

Ӯ соли 1984 дар синни 6-солагӣ барои гирифтани маълумоти ибтидоӣ ба мактаби №2 зодгоҳаш дар ноҳияи Данғара қадам мегузорад ва то соли 1993 дар он ҷо таҳсил карда, сипас вақте падараш раиси Шӯрои Олӣ интихоб мешавад, дар соли 1993 ба пойтахт меояд ва идомаи таҳсилоташро дар мактаби миёнаи № 53 дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонида, соли 1994 онро хатм мекунад.  

Вай баъд аз хатми мактаб дар соли 1995 ба Факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро дар соли 2000 хатм кардааст.

Соли 1999 вақте дар донишгоҳ таҳсил мекард, бо Ҷамолиддин Нуралиев, имрӯза муовини якуми Бонки миллӣ ва молики ширкати “IRS”-писари Камол Нуралиев, аз собиқ дӯстони падараш ба шавҳар мебарояд.

Баъд аз он дар солҳои 2004-2006 дар Донишгоҳҳои Ҷорҷтаун ва Мериленди Иёлоти муттаҳидаи Амрико (ИМА) (бахши забономӯзӣ) таҳсил намудааст.

Вақте дар ИМА забономӯзӣ мекард, дар соли 2005 аз ҷониби падараш Эмомалӣ Раҳмон атташе оид ба фарҳанг ва маорифи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйин карда шуд ва то соли 2007 дар ин симат фаъолият кард.

Озода Раҳмон соли 2007 аз симати атташе дар Сафорати Тоҷикистон дар ИМА озод ва курсиаш аз ҷониби падараш ба Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон интиқол дода шуд. Нахустин чеҳранамоиҳои дар расонаҳо низ аз ҳамон сол оғоз шуд ва то соли 2009 дар вазифаи Сардори консулии ВКХ кор кард.   

Соли 2009 бо фармони раиси Ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин карда шуд ва то соли 2014 дар ин мансаб адои вазифава кард. Дар соли 2014 Эмомалӣ Раҳмон курсии ӯро як зина боло бурда, ӯро муовини якуми вазири корҳои хориҷаи кишвар интихоб кард. Вай то 27-уми январи соли 2016 дар ин курсӣ нишаста, анҷоми вазифа намуд.

Дар ин давра хеле аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар робита ба фаъолаияти консулии Тоҷикистон таҳия ва такмил гардиданд. Барои намуна тарҳи «Қоидаҳо оид ба тартиби барасмиятдарорӣ ва додани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ», «Қоидаҳои додани шиносномаҳои хориҷии дорои ҳомили электронии маълумот ва Шаҳодатномаи бозгашт ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дониста мешаванд. Тарҳҳое, ки ҳар кадомаш як манбаи даромади алоҳида низ ҳисобида мешаванд, ба хусус тарҳи шиносномаҳои хориҷии ба истилоҳ биометрӣ 10 доллар таҳия ва ба шаҳрвандон то 300 -500 доллар таҳвил дода мешаванд.

Ба Озода ва шавҳараш  ширкати IRS, ки роҳи пулакии Душанбе Чанокро дар ихтиёр дорад, “Спитаменбонк”, қитъаҳои замин дар маркази пойтахт, чандин корхонаву ширкатҳо тааллуқ доранд. Ӯ аз сарватмандтарин фарзандони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дониста мешавад, ки сармояаш аз миллиард доллар убур кардааст.

Озода Раҳмон соли 2012 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи “Рушди ҳуқуқу озодиҳои занон дар солҳои 1917-2011 дар Тоҷикистон” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбев ҳимоят кард.

27-уми январи соли 2016 Эмомалӣ Раҳмон ин духтарашро аз курсии муовини якуми Вазорати корҳои хориҷа ба наздаш хонд ва ӯро роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин кард ва то кунун дар ин симат кор мекунад.

28-уми августи соли 2015 аз ҷониби президент Эмомалӣ Раҳмон бо ордени шараф дараҷаи I мукофотонида шудааст.

Аз моҳи июни соли 2016 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон мебошад.

Дорандаи рутбаи дипломатии Сафири Фавқулода ва Мухтор аст.

Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.

Оиладор, соҳиби 5 фарзанд мебошад.

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *