Рубрики Хабарҳо

Кишоварзон дар Ҳинд бо нерӯҳои амнияти вориди задухӯрд шуданд

Дар Ҳиндустон ислоҳоти бахши кишоварзӣ  кишоварзони ин кишварро ба хашм овард ва онҳо даст ба эътироз заданд, ки бо задухурд бо нерӯҳои амниятӣ анҷом ёфт

Нерӯҳои амниятии Ҳинд бо гази ашковар ва калтак  даҳҳо ҳазор нафар аз кишоварзони мӯътаризро дар пойтахт пароканда карданд.

Кишоварзони ҳиндӣ бо тракторҳои худ дар Деҳлӣ дар рӯзи ҷумҳурӣ тазоҳуроти мусолиматомез баргузор карданд ва барои ин тазоҳурот иҷозаи давлати Модиро низ дарёфт карда буданд, аммо бо ин ҳол ин тазоҳурот ба хушунат кашида шуд.

Расонаҳо аз ҷон бохтани як кишоварз бар асари чаппа шудани трактор хабар медиҳанд.

Ба дунболи бурузи хушунатҳо, давлати Ҳинд  интернетро дар пойтахт қатъ кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *