Рубрики Хабарҳо

Ҷостин Трюдо давлати Ҳиндро ба террори яке аз раҳбарони сикхҳо дар Канада муттаҳам кард

Ҷостин Трюдо, нахуствазири Канада, мегӯяд эҳтимолан давлати Ҳинд пушти қатли Ҳардип Сингх Ниҷор, аз раҳбарони сикхҳо аст, ки се моҳ пеш дар беруни як маъбад дар устони Бритиш Колумбияи Канада ба зарби гулӯла кушта шуд. 

Нахуствазири Канада рӯзи душанбе 18 сентябр муддаӣ шуд ниҳодҳои иттилоотии Канада “далоили мӯътабаре” ёфтаанд, ки фарзияи иртибот миёни қатли Ниҷор ва давлати Ҳиндро тақвият мекунад. 

Трюдо мегӯяд ин мавзӯъро дар ҷараёни иҷлоси J-20 бо Нарендро Модӣ, ҳамтои ҳиндии худ дар миён гузоштааст. 

Ӯ, ки рӯзи душанбе дар парлумони Канада баробари дурбинҳои хабарӣ сухан мегуфт таъкид кард: “ҳар гуна дахолати як давлати хориҷӣ дар қатли як шаҳрванди канадаӣ дар хоки мо, ғайриқобили қабул ва нақзи истиқлоли мост. Ин дар тазодд бо арзишҳои бунёдини мост, ки бар фаъолияти озод ва бози ҷомеъи демократик таъкид дорад”. 

Ҳинд пештар ҳар гуна даст доштан дар қатли Ниҷорро такзиб карда буд аммо акнун интизор меравад дар муқобили изҳороти болотарин мақоми сиёсии Канада муҷаддадан мавзеъгирӣ кунад. 

Канада ҳамчунин ҳамзамон бо изҳороти дирӯзи Трюдо як дипломати сафорати Ҳиндро ҳам ихроҷ кард. 

Ин хабарро Моллони Ҷулӣ, вазири хориҷаи ин кишвар ҳамзамон бо конфронси хабарии Трюдо аланӣ кард. 

Вазири хориҷаи Канада ҳамчунин гуфта мақомҳои давлати ин кишвар барои ироаи алании ҷузъиёти ироашуда аз сӯи ниҳодҳои иттилоотӣ маҳдудият доранд зеро таҳқиқот дар бораи қатли Ниҷор ҳамчунон дар ҳоли анҷом аст. 

Корогоҳони ҷиноии Канада пештар тирандозӣ ва қатли ин раҳбари 45 солаи сикхҳоро “қатли ҳадафманд” табақабандӣ карда буданд, ки истилоҳи расмӣ барои “террорҳои давлатӣ” аст. 

Ниҷор рӯзи 18 июни гузашта дар беруни як маъбад дар шаҳри Сурӣ, ки ҷамъияти бузурге аз ҷомеаи муҳоҷирони ҳиндӣ дар худ ҷой дода, ба зарби гулӯла тавассути ду марди мусаллаҳ, ки ниқоб зада буданд, кушта шуд. 

Шаҳри Сурӣ дар 30 километрии ҷанубу шарқии Ванкувер воқеъ шуда ва яке аз пойгоҳҳои иҷтимоии ҷомеаи муҳоҷирони ҳиндӣ дар Канада маҳсуб мешавад. 

Аз Ниҷор ба унвони яке аз матраҳтарин раҳбарони сикхҳо дар устони Бритиш Колумбия ёд мешавад. Ў аз ҳомиёни ҷиддӣ ва “садои матраҳе” аз Ҷинаши Холлистон дар Панҷоб буд, ки ба думболи ташкили кишвари мустақил барои сикхҳои ин минтақа аст. Бисёре аз ҳомиёни Ниҷор мегӯянд ӯ борҳо ба иллати ҳамин фаъолияти худ мавриди таҳдид қарор гирифта буд. 

Давлати Ҳинд қаблан ӯро “террорист ва раҳбари як гурӯҳи шибҳинизомии ҷудоиталаб” хонда буд; Иттиҳомоте, ки пайравони Ниҷор рад ва “беасос” мехонанд. 

Давлати Канада мегӯяд ҷузъиёти ин қатлро дар ихтиёри Кохи сафед ва давлати Бритониё ҳам қарор дода ва Ҷостин Трюдо ин мушкилро бо Ҷо Байден ва Риши Сунок дар миён гузоштааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *