Рубрики Хабарҳо

Русия дар посух ба ихроҷи дипломатҳояш аз ғарб тасмими ҳамсон мегирад

Валентина Матвиенко, Раиси Шӯрои федератсияи Русия эълом кард, ки дар посух ба ихроҷи ҷамъе дипломатҳои русӣ аз кишварҳои ғарбӣ Русия низ тасмими ҳамсон хоҳад гирифт.

Дар ин бораи РИА Новости хабар додааст.

«Бидуни тардид Русия дар чорчуби иқдомоти дипломатӣ вокунише мутаносиб нишон хоҳад дод ва бо риояти асли баробарӣ, ба теъдоди дипломатҳои руси ихроҷшуда аз кишварҳои ғарбӣ, дипломатҳои ғарбиро аз Русия ихроҷ хоҳад кард”.-гуфтааст Матвиенко.

Бисёре аз кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо, Амрико ва Австралия, дипломатҳои русро дар вокуниш ба масмумияти Сергей Скрипал, ҷосуси пешини рус дар Британия ва духтараш Юлия ихроҷ кардаанд.

Сергей Скрипал ва духтараш чанде пеш дар Британия бо гази харобкунандаи асаб масмум шуданд ва мақомоти Лондон, Русияро дар ин ҳодиса муқассир медонанд.

Скрипал, ки соли 2006 дар Русия ба иттиҳоми ҷосусӣ барои Англия ба 13 сол ҳабс маҳкум шуда буд, ба Британия паноҳанда шуд. Ӯ муттаҳам ба он аст, ки ҳуввияти ҷосусони русро дар Аврупо дар ихтиёри Созмони ҷосусии Британия қарор додааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *