Рубрики Хабарҳо

Дузд дуздро дар торикӣ мешиносад. Ё чаро Асадуллозода Қодирқуловро ба Тоҷикистон овард?

Ҳасан Асадуллозода, молики Билайн дар Тоҷикистон ба раёсати ин ширкати нав бадастовардааш “мутахассис”-ро аз Қирғизистон овардааст. Ин нафар собиқ сардори раёсати “Қирғизтелеком” Алмазбек Қодирқулов аст.

Карйераи Қодирқулов бештар сиёсӣ аст, на касбӣ. Ӯ ҳамагӣ камтар аз ду сол раёсати “Қирғизтелеком”-ро ба ӯҳда доштааст ва аз ин маснад “бинобар камбудӣ дар кор, иҷро накардани супоришҳо ва вайрон кардани низоми молӣ” барканор карда шудааст. Ӯ ҳамчунин дар тақаллуби ҳуҷҷатҳо зимни рафтанаш аз раёсати “Қирғизтелеком” муттаҳам мешавад.

Қодирқулов дар Қирғизистон курсиҳои ноиби вазири маориф ва илм, раҳбари Бунёди мудирияти амволи давлатӣ, агентии алоқаи назди раисҷумҳури Қирғизистонро ба ӯҳда дошта, замоне узви шӯрои раҳбарии фурӯдгоҳи Манас ҳам будааст.

Тибқи навиштаи расонаҳои қирғизӣ, бо вуҷуди интиқоду шубҳаҳои зиёд дар кори ӯ, карйераи сиёсии Қодирқулов бо суръат пеш меравад. Ӯро аз тими Максим Боқиев, писари раисҷумҳури собиқи Қирғиристон Курмонбек Боқиев медонанд, аммо ҳатто баъди рафтани Боқиев ҳам ӯ на танҳо аз вазифааш барканор нашудааст, балки ба вазифаҳои калидитар гузаштааст.

Дар Қирғизистон ба ин назар буданд, ки Қодирқуловро кадом қудратманде дар ин кишвар пуштибонӣ мекунад. Масалан, замоне ки Қодирқулов раҳбари Бунёди мудирияти амволи давлатӣ (БМАД) вакили Жогоргу Кенеш (парлумони Қирғизистон) Рискелди Момбеков дар парлумон гуфтааст “раҳбари БМАД аз вазифаи раҳбарияти “Кирғизтелеком” бо қарори шӯрои раҳбарӣ барканор шудааст. Вале вақте ба таклиф шуд раҳбарии БМАД-ро ба дӯш гирад, ӯ ҳуҷҷатро тақаллуб карда, ҷои қарор аризаи рафтан бо хости худро гузоштааст. Инро чӣ гуна фаҳмем? Ба вазифаи вазирӣ таъин гардидани нафареро, ки аз ҷои кори пештарааш бинобар камбудиҳо ронда шудааст, чӣ хел фаҳмем? Тақаллуби ҳуҷҷат парвандаи ҷиноятӣ аст. мегӯянд, ки касе аз ӯ пуштибонӣ мекунанд. Кист ӯ?”

Замони ноибвазири маориф будани Қодирқулов барои нашри китобҳои дарсӣ ба маблағи 85 миллион сом тендер эълон карда шуда буд. Ӯ шахсан дар гузаронидани тендер ширкат кард, ки дар натиҷа ғолиби он нашриёти “Континент” эълон шуд. “Континент” ба Максим Боқиев тааллуқ дошт. Вале бо вуҷуди ҷудо шудани пул, ягон китоб нашр нашуд. Парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, вале чӣ натиҷа дод, маълум нест.

Замони узви шӯрои раҳбарии фурӯдгоҳи “Манас” буданаш дар соли 2009, Қодирқулов дар имзои як шартномаи ғайриқонунӣ бо ширкати “Аалам сервис”, ки ба воридоти маводи сӯхт машғул аст, ширкат кардааст. Дар натиҷа, ин шартнома ба хазинаи давлат 150 миллион сом зарар овардааст.    

Замони раҳбари Бунёди мудирияти амволи давлатӣ буданаш ба фурӯши амволи давлатӣ машғул будааст, ки боиси шубҳаи вакилони парлумон гаштааст. Вакили парлумон Уран Рискулов ин иқдоми ӯро “фурӯши яклухти амволи стротегии давлатӣ” номида, талаб кард, ки тафтишот гузаронида шавад.

Аммо чаро Ҳасан Асадуллозода ӯро ба Тоҷикистон овардааст?

Шояд бо ин сабаб, ки яке аз муассисаҳои давлатие, ки Қодиқулов фурӯхт, “Киргиз мобайл компани” аст?

 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *