Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи Вагнер, ки барои Русия меҷангад, эълом кард, ки дар набарди тӯлонӣ барои тасарруфи шаҳри Баҳмут беш аз 20 ҳазор нерӯи худро аз даст додааст. Бинобар ин ки тарафҳои даргир талафоти худро бамаротиб камтар нишон медиҳанд, метавон тахмин зад, ки ин рақам хеле болотар аз 20 000 аст.
Раҳбари гурӯҳи низомии Вагнер ҳамчунин гуфт, ки дар ҷараёни ин набарди хунин, ҳудуди 20 дарсад аз 50 ҳазор ҷинояткори рус, ки аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба Укроин ба истихдоми гурӯҳи Вагнер даромаданд, ҷони худро аз даст додаанд.
Омори ироашуда тавассути Пригожин дар тазоди комил бо иддаҳои муноқишабарангези Маскав дорад, ки шумори талафоти ҷанги Укроинро ҳудуди 6 ҳазор нафар эълом кардааст. Ин омор ҳамчунин болотар аз бароварди расмии талафоти Шӯравӣ дар ҷанги Афғонистон дар солҳои 1979 то 1989 аст, ки ҳудуди 15 ҳазор нафар эълом шуд.
Укроин то кунун омори сарбозони кушташудаи худро аз оғози ҳамлаи низомии Русия ба ин кишвар дар феврали 2022 эълом накардааст.
Бархе аз таҳлилгарони низомӣ бар ин назаранд, ки фақат ҷанги 9 моҳа барои тасарруфи шаҳри Баҳмут мунҷар ба кушта шудани даҳҳо ҳазор сарбози Русия шудааст, ки бахше аз онҳоро зиндониёне ташкил медиҳанд, ки гуфта мешавад бидуни гузарондани омӯзишҳои кофӣ ба хатти муқаддами ҷанг эъзом шудаанд.
Евгений Пригожин рӯзи сешанбе 23 май дар гуфтугӯ бо Константин Долгов, стратегисти сиёсии тарафдори Кремл, гуфт, ки “ғайринизомӣ (демилитаризатсия) кардани” Укроин, ки ҳадафи эъломшудаи Русия аз оғози ин ҷанг буд, ба худи Маскав осеб задааст, зеро артиши Укроин ба ёрии кумакҳои омӯзишӣ ва таслиҳоти муттаҳидони ғарбиаш қавитар шудааст.
Раҳбари гурӯҳи Вагнер дар идома гуфт, ки нерӯҳои Кремл дар тӯли ин ҷанг, ғайринизомиёнро куштаанд, иддаое, ки Маскав борҳо ва бо шиддат онро рад кардааст. Ў пештар иддаоҳои ғайриқобилитаъидеро матраҳ карда буд, ки баъдан бархе аз онҳоро пас гирифтааст.
Дар аввали моҳи май, сухангӯёни Пригожин видеое аз ӯ мунташир карданд, ки дар он фарёд мезад, дашном медод ва ба ҳудуди 30 ҷасади сарбозонааш, ки рӯйи замин афтода буданд, ишора мекард ва мегуфт онҳо сарбозони Вагнер ҳастанд, ки дар як рӯз кушта шудаанд.
Ӯ дар ин видео муддаӣ шуд, ки вазорати дифоъи Русия ба нерӯҳои ӯ муҳиммот намедиҳанд ва таҳдид кард, ки аз ҷанг барои тасарруфи шаҳри Баҳмут даст хоҳад кашид.
Пригожин, як тоҷири сарватманд ва бо равобити дерина бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русия, ба хотири бадахлоқиҳояш, ки ағлаб бо фаҳҳошӣ ҳамроҳ аст, шинохта мешавад.