Рубрики Хабарҳо

Сокини Хатлон трактори нав ихтироъ кард

Дар намоиши ихтироъкориҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ, ки бори аввал дар Кӯлоб баргузор гашт, сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳин Неъматхон Одинаев трактори ихтироъкардаи худро муаррифӣ кард

Фарқи трактори Неъматхон аз  тракторҳои маъмулӣ ҳаҷми хурди он ва мсрафи ками сӯзишворияш аст.

Ин муҳандиси худомӯз ҷамъоварии тракторашро зарфи 2 моҳ ба анҷом расонидааст.

“Ман инро барои он сохтам, ки кори худ ва деҳқононро осон кунам. Трактор барои шудгоркунии замини боғу полез истифода шуда метавонад, – гуфтааст ӯ ба Азия Плюс. – Ҳеҷ камбудие надорад. Дар 3 соат 1 литр сӯзишвории дизелӣ (солярка) масраф мекунад. Аз техникаи воридотӣ бад нест”.

Трактори худро Неъматхон дар намоиши ихтироъкориҳои техника ва таҷҳизоти кишоварзӣ муаррифӣ кард. Намоишгоҳ рӯзҳои истироҳат дар Кӯлоб баргузор шуд.

Садҳо ихтироъкорон аз гӯшаву канори минтақаи Кӯлоб ихтироъҳои худро барои эҳтиёҷоти бахши кишоварзӣ – сипор, комбайн,  дастгоҳи мевабурӣ, навъи нави осиё ва ғайра ба маърази тамошо гузоштанд. Чунин намоишгоҳ бори нахуст дар минтақа баргузор гардид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *