Донишҷӯёне, ки ба хидмати сарбозӣ дар Тоҷикистон муваззаф шудаанд, барояшон имкон дода мешавад, ки пеш аз мӯҳлат имтиҳонҳояшонро супоранд.
Дар ин бора Вазорати маориф ва илми кишвар фармон содир карда, ба унвони ректорони донишгоҳҳои вилояти Суғд нома фиристодааст.
Дар нусхаи ин қарор, ки хабаргузори Sputnik Тоҷикистон расонаӣ кардааст, гуфта мешавад, “ин муқаррарот дар мувофиқа бо дастгоҳи раисиҷумҳур амалӣ мешавад.”
Ин дар ҳолест, ки масъулони Донишкадаи кӯҳӣ ва металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон реҷаи рӯзҳои имтиҳонсупориро муқаррар кардаанд. Имтиҳонҳои пеш аз мӯҳлат ҳар ҳафта рӯзҳои ҷумъа ва ҳимояи рисолаҳо рӯзи шанбе баргузор мешаванд.
Дар ҳамин ҳол дар дигар донишгоҳҳои вилояти Суғд гуфтаанд, ки барои донишҷӯёне, ки таҳсилро пештар хатм кардаанд ва хоҳиши ба хизмати ҳарбӣ рафтанро доранд, рӯзҳои имтиҳон муқаррар карда мешавад.
Моҳи январи соли 2021 ба қонун тағйироте ворид карда шуд, ки тибқи он озод будани донишҷӯ макотиби олӣ замони таҳсил лағв карда шуд.
Даъвати баҳорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар аз 1 апрел оғоз шуд ва ду моҳ давом мекунад. Шаҳрвандони соли таваллудашон 1995-2004 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Айни ҳол бо сӯистифода аз ин қонун, кормандони коммиссариати ҳарбӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар донишҷӯёнро рабуда, ба хидмати ҳарбӣ равон карда истодаанд.