Рубрики Хабарҳо

Шурӯъи тирпаррониҳои нав дар Исфара

Сарҳадбонони қирғиз, аниқтараш низомиёни дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон субҳи имрӯз, 16-уми сентябр, бо истифода аз силоҳҳои вазнин ва шикастани аҳде, ки дирӯз баста шуда буд, ддидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Дар ин бора маркази матбуоти Нерӯҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додаанд.

“16 сентябри соли 2022, тахминан соати 04:50-дақиқаи субҳ, сарҳадбонони дидбонгоҳи сарҳадии «Коктош»-и отряди сарҳадии Боткени Ҷумҳурии Қирғизистон аҳдшиканона бо истифода аз силоҳҳои вазнин дидбонгоҳи сарҳадии «Душанбе»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистонро гулӯлаборон карданд. Ҳамзамон, хизматчиёни низомии Қирғизистон бо истифода аз силоҳҳои вазнин деҳаҳои аҳолинишини Хоҷаи Аъло, Қуммазор, Сурх, Сомониён, Кулканди шаҳри Исфара, Хистеварз ва Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро мавриди ҳамлаи мусаллаҳона қарор доданд”, — гуфта мешавад дар изҳороти Нерӯҳои сарҳадотии КДАМ.

Ҳамчунин, дар изҳороти Нерӯҳои сарҳадотии КДАМ таъкид гардидааст, ки “новобаста аз он ки соати 06:30-дақиқаи субҳ  ҷонибҳо оид ба эълони оташбас ба мувофиқа расида буданд, хизматчиёни низомии Ҷумҳурии Қирғизистон онро риоя накарда, аз тамоми намуди силоҳҳои ҷангӣ ва техникаи ҳарбӣ ба самти Ҷумҳурии Тоҷикистон тирпаррониро идома дода истодаанд”.

Сокинони маҳаллӣ аз ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Ворух ва Сурх дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз шунида шудани садои тир аз чанд ҷониб иттилоъ медиҳанд.

Аз захмӣ ва ё кушташудаҳо иттилоъе дода намешавад.

Дар ҳамин ҳол, Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистон низ бо нашри изҳорот дар оғози тарпарронии нав ҷониби Тоҷикистонро гунаҳкор кардааст.

Изҳороти Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистонронашр карда, навиштааст, ки “16-уми сентябр якбора дар чанд қитъаи марзи Қирғизистону Тоҷикистон тирпарронӣ оғоз гардид”.

Дар изҳороти Хадамоти сарҳадбонии КДАМ-и Қирғизистон гуфта мешавад, ки “тахминан соатҳои 6-и субҳ ҷониби Тоҷикистон ба дидбонгоҳҳои сарҳадӣ дар минтақаҳои Эки-Тош, Чир-Добо, Қум-Мазор ва Орто-Боз оташ кушоданд. Соати 6:30 ҷониби Тоҷикистон ба гулӯлаборони қитъаи сарҳадии дидбонгоҳи “Кӯк-тош”-и отряди сарҳадии Баткент оғоз намуд. Соати 7:15 низомиёни тоҷик ба самти дидбонгоҳи сарҳадии «Самарқандак» оташ кушоданд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *