Артиши кишвари африқоии Судон дар як ҷаласаи изтирорӣ қарор кард, ки Умар Башир президенти ин кишвар ва ҳамчунин тамоми дастгоҳи иҷроияи ҳукуматашро ба истеъфо фиристад.
Гуфта мешавад, ин тасмими артиши Судон аз паи тазоҳуротҳо бо талаби истеъфои Умар Башир, ки аз моҳи декабр ба ин тараф идома доранд, гирифта шудааст.
Баъди расонаӣ шудани қарори артиши Судон ҷиҳати барканории Умар Башир ва ҳукуматаш ҳазорҳо шаҳрвандони ин кишвар ба кӯчаҳои Хартум, пойтахти Судон баромада, аз рафтани як диктатор изҳори хушҳолӣ намуданд.
Кудатогар, Умар Башир соли 1989 дар натиҷаи кудатои низомӣ ба қудрат расида, 30 сол ин ҷониб дар сарни қудрат буд. Дар даврони роҳбарии ӯ Судони ҷанубӣ аз Судон ҷудо шуд ва иқтисоди ин кишвар ба як ҳоли табоҳ гирифтор шудааст.
Тибқи иттилоъи Оҷонсии иттилоотии бояд Шӯрои низомӣ барои идораи кишвар ташкил шавад ва ин шӯро бояд то баргузории интихобот тули як сол роҳбарии Судонро ба зима гирад.