Саноати озуқаворӣ яке аз соҳаҳои муҳими комплекси агросаноатӣ ба шумор рафта, дар таъмин намудани аҳолӣ бо озуқаворӣ ва оқилона истифодабарии замин, захираҳои ашёи хоми кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти агросаноатӣ дар хоҷагии халқ нақши муҳимро мебозад. Соҳаи саноати хӯрокворӣ, асосан соҳаҳои саноати ордкашӣ, равғанкашӣ, консервабарорӣ, қаннодӣ, ширию гӯштӣ, намаки ошӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Дар аввалҳои истиқлолият, қариб, ки кулли соҳаҳои саноати хурокворӣ хусусӣ гардонида шуд. Пас аз хусусигардонидӣ қариб ҳамаи соҳаҳои саноати хӯрокворӣ пай дар пай барҳам хӯрд. Чаро? Сабаби асосиаш, дар вақти хусуси гардонидани соҳа шахсони ғайри мутахассис ва аз боло таъиншуда бо арзиши ночиз харидорӣ намуда соҳиб шуданд. Саноати коркардаистода рӯз аз рӯз суръати кориаш паст шудан гирифт, дастгоҳҳо фарсуда шуд, бо миқдори зарурӣ, ашёи хоми аввалия истеҳсол ва ба корхонаҳо ворид нашуд. Мебоист аз ҳисоби даромади корхона соҳаи саноати хурокворӣ оҳиста — оҳиста ба технологияи нав ва бо дастгоҳҳои замонавӣ таҷҳизонида мешуд, чунин кор дар ягон соҳа гузаронида нашуд ва ҳоло ҳам соҳибони корхона ва масъулини ҳукумат бедор нашудаанд. Дар натиҷа аввал заводҳои шир, пас комбинатҳои гӯштӣ, ордкашӣ, сониан консервабарорӣ аз кор монд. Танҳо заводҳои равғанкашӣ аз ҳисоби пумбадона каме кор мекард, он ҳам бо пуррагӣ не.
Моҳи январи соли 2020, ширкати ӯзбекии «Прогресс Биснеинадастр» оиди сохтани корхонаи равғанкашӣ бо Ҳукумати вилояти Суғд шартномае ба имзо расид. Ин ширкати тахассусӣ бо.истеҳсоли равғани офтобпараст машғул аст. Ҳоло талаботи дохилии Узбекистонро таъмин намуда, ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Афгонистон содирот мекунад. Борҳо қайд намудаем ва боз огоҳ менамоем, ки Тоҷикистон, бояд дар бисёри соҳаҳои саноат бо Ӯзбекистон, ки ҳамҳудуд аст, ҳамкориро ба роҳ монад.
Дар давраи Шӯравӣ, ин соҳа хеле рушд карда буд: Комбинатҳои равганкашии шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Қӯрғонтеппа ( Бохтар ), Кулоб, комбинатҳои ордкашии Қайроққум (Гулистон), Нов (Спитамен), Кофарниҳон (Ваҳдат), корхонаии истеҳсолии «Оби Зулол»-и Истаравшан, комбинатҳои консервабарории шаҳри Хуҷанд, Кистакуз, Исфара, Ашт, ки зиёда 90% консерваҳои мевагӣ ва сабзавоти Тоҷикистонро, вилояти Ленинобод (Суғд) истеҳсол менамуд. Танҳо як комбинати консервабарории шаҳри Хуҷанд, бо маҳсулоти истеҳсолкардаи худ талаботи дохилиро қонеъ намуда, ба Қазоқистон ва 95 шаҳри Русия, маҳсулоти худро содир мекард.
Комбинатҳои ордкашӣ ҳам, ҳоло ба кор даромада истодааст, вале камбудии асоси дар кишт ва истеҳсоли ғалла аст. Ҳукумати ҷумҳурӣ, бояд оиди кишт ва истеҳсоли ғалла як қарори фаврӣ қабул намояд. Чунки сатҳи зиндагии миллати тоҷик ва рушди дигар соҳаҳои озуқаворӣ ба ҷамъоварии ғалла вобастагӣ дорад. Дар давраи истиқлолияти ҷумҳурӣ барномаи стратегии озуқаворӣ қабул карда шуд, вале, ягон масъул аҳамият намедиҳад. Тоҷикистон ҷаннати рӯи замин гуфта, аз хориҷи кишвар, кулли намудҳои маҳсулоти ғайри экологии, пур аз элементи кимиёвиро, ворид намуда истифода карда истодаем. Маҳсулоте, ки ворид намуданд ва ворид карда истодаанд, истеъмоли он аз ҷиҳати экологӣ номумкин ва барои инсон хатаровар мебошад. Ҳоло ба ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти озуқаворӣ Чин ба шумор меравад. Дар ҷумҳурии Чин ҳоло зиёда аз 12 намуди озуқавории талаботи ҳаррӯза, аз элементҳои кимёви истеҳсол карда мешавад. Аз ҷумла гӯшт, тухм, биринҷ, карам сирпиёз ва ғайра.
Маҳсулоти дигари пастсифати гӯшти гови Ҳиндустон, ҳоҷат ба баён нест. Аз намуди худи гӯшт маълум аст, ки гӯшти ҳолол аст ва ё гӯшти моли мурда ва ё сифати пасти онро, ҳар як шахси оқил дарк мекунад. Дар бозори «Панҷшанбе» — и шаҳри Хуҷанд, хеле зиед истифода мебаранд. Як намуди роҳи истифодабарии он, гуштҳои равгандори моли фарбеҳро ҷудо карда бо гӯшти моли Ҳиндустон, ҳамроҳ намуда фарш мекунанд. Сониян дар бозори «Панҷшанбе», кабоб пӯхта, бо миқдори зиёд мефурушанд.
Дар натиҷаи тафтишоти стандарти давлатӣ якчанд намуд, моли сифати паст доштаи ҶИЭ — ро, боздошт ва бо пуррагӣ вориди онро манъ намуданд. Аз ҷумҳурии Эрон, чанд сол, фарши пӯсти мурғро ворид намуда, ва ба савдо гузоштанд ва дар ошхонаҳо, мантухонаҳо истифода намуданд, ки пур аз холестерин аст.
Раиси Кумитаи Давлатии амнияти озуқаворӣ Фарҳод Комилзода, дар гузориши худ қайд менамояд, ки барои эҳтиёт аз озуқавории воридшавандаи хавфнок соли 2018 шуъбаи лабораторӣ — ташхисӣ, қариб 1 млн ташхис ва экспертиза гузаронд. Дар натиҷа маълум шуд, ки истеъмоли бисёри маҳсулоти озуқаворӣ, номумкин аст: «аз ҷумла 22 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 11 тонна маҳсулоти шири, зиёда 57 000 дона тухм, 85 тонна меваю сабзавот, 1,8 тонна намак ва 1,1 тонна равған». Пас аз ҷамъбасти ташхисҳо бояд, шахсҳои воридкунандаро ба ҷавобгари кашида мешуд, на танҳо аз ҶИЭ, балки маҳсулоти хуроквории давлати Чин ва Ҳиндустонро манъ карда мешуд, вале фасод галаба кард.
Нисбати соли 2018, дар соли 2019, ворид намудани маҳсулоти озуқавории паст сифат ба ҷои кам шудан баракс зиёд шуд. Дар натиҷа аз рӯ маълумоти омории иттилоъ додаи директори Агентии «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода, дар соли 2019,
2 313 736 кг маҳсулоти хӯроквории паст сифат ошкор карда шуд. Мувофиқи иттилоъи додаи Қ. Давлатзода, озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти хуроквории Агентӣ, сифати бехатарӣ ва тагмагузорӣ, муайян намуд: аз ҷумла 732 298 кг маҳсулоти гӯштӣ, 252 214 кг равғани растанӣ, 22 683 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 513 646 литр нӯшокиҳои ташнашикан, 62 805 кг маҳсулоти қаннодӣ, 139 947 кг намак, 33 853 кг чой, какао, қаҳва, 3349 кг маҳсулоти ширӣ, 45 560 кг иловагиҳои ғизоӣ, 3930 кг консерваҳо, 8490 кг қаннодӣ набот, 1743 кг маҳсулоти макаронӣ, 195 110 кг орди гандум, 206 395 кг меваи хушк, 42 346 тухми мурғ, 353 648 дона қандакҳои хитойӣ ва дигар маҳсулотҳо маҳсулоти ғайри стандартӣ дониста шуданд. Ба мақсади таъмини риояи ҳуқуқҳои истемолкунандагон ва ҳимояи бозори истеъмолӣ оид ба воридшавии маҳсулоти ғайристандартӣ барои вайрон кардани қоидаҳои савдо, фиреб додани истеъмолкунандагон ва риоя нанамудани талаботи қонунгузорӣ дар 8599 ҳолат ба маблағи умумии 2 001 180 сомонӣ қарорҳо оид ба бастани ҷаримаи маъмурӣ бароварда шуд.
Ба фикри банда вақти он расидааст, ки ҷинояткорон бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Истеҳсолоти чунин шахсонро баста, воридоти хӯроквории пастсифати аз хориҷӣ кишвар воридшавандаро қатъиян манъ карда шавад. Дар сурати ду бора ворид намудани, маҳсулоти пастсифати хӯрокворӣ, аз тарафи шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, дороиашонро бо пуррагӣ аз рӯи қонун мусодира (конфискатсия) карда шавад.
Аз ин лиҳоз ҷумҳурии Тоҷикистон, барои таъмини аҳолӣ, бо маҳсулоти тозаи экологии озуқаворӣ ва ба сифати баланди табиӣ истеҳсол намудани он барномаи кутоҳмуддат ва дарозмуддат дошта бошад. Барои таъмин намудани аҳолӣ, бо маҳсулоти озуқавории табиӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби заминҳои кишти пахта, барои кишти ғалладонагиҳо сабзавоту полезиҳо тахминан 30% — и он ҷудо карда шавад.
Заминҳои пахта, аз сабаби солҳои тӯлонӣ кишт намудани як намуди растании техникӣ ҳосилнокии он хело паст шуд. Дар натиҷа ҷамъоварии ҳосили пахтаи соли 2019 нишон дод, ки соҳибони хоҷагиҳои деҳқонӣ, на танҳо харҷи солонаи худро напӯшониданд, балки зарари молӣ диданд. Ҳукумати кунуни чаро, барои кишти пахта, зӯр мезанад? Бояд ягон сабаб дошта бошад, вале то ҳол муаммо аст. Ҳоло аниқ маълум шуд, ки пахта зироати на танҳо даромаднок набуда, балки дар баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ зараровар ҳам будааст. Вале солҳо масъулин кишти пахтаро яке аз соҳаҳои сердаромадтарин муаррифӣ мекарданд. Дар соли 2019 аз ҳисоби замини обӣ 185 500 га замин барои кишти пахта ҷудо карда шуд. Баъзе хоҷагиҳои деҳқонӣ то 15 сентнерҳам пахта рӯёнида натавонистанд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ бояд, сиёсати худро дар соҳаи кишоварзӣ тағйир диҳад. Заминҳои кишти пахта аввалан кам карда шавад, сониян, ба сифат ва ҳосилнокии он эътибори ҷиддӣ дода шавад. Дар ҷумҳурӣ барои кишти галладонагӣ ва дигар зироатҳои аввалияро зиёд намудан, якчанд омилҳо фаро расид. Аввалан дар соли 2019, 185 000 га замин барои кишти пахта ҷудо шуда буд. Дар натиҷаи шароити вазнини хоҷагиҳои деҳқонӣ то 15 сентнер ва аз ин ҳам кам пахта руёниданд, ки ин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ пахтакор зараровар буд, ба замми он деҳқонон харидор наёфтанд, баъзе корхонаҳои пахтақбулкинии ноҳияҳо бо баҳонаи надоштани пул пахтаи ҷамъовари шударо қабул накарданд. Деҳқонон маҷбур шуданд, пахтаи худро аз як ноҳия ба ноҳияи дигар бибаранд ва гайра. Харидорон 1кг пахтаро то 3,5 — 4 сомонӣ паст фароварданд. Ҳатто ин масъала дар ҷаласаи МН МО барраси шуд.
Бо сабаби бемории даҳшатовари вируси куруно KOVID -19 ҷумҳурии Қазоқистон, яке аз содир кунандаи ғалла, содироти онро ба ҷумҳуриҳои Қирғизистон, Ӯзбекистон, Афғонистон, аз ҷумла ба Тоҷикистон ҳам кам кард. Яъне ҳар моҳе ба 200 000 т поён овард. Ҳол он ки танҳо як худи Тоҷикистон моҳе ба то 100 000т талабот дорад. Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё ҳам содироти ғалла, орд, биринҷ, гречка, арзан ва дигар маводҳои хӯроквориро муваққатан манъ кард.
Банда оиди масъалаи ҷудо намудани замин аз ҳисоби заминҳои пахта, ба зироатҳои ғалладонагӣ, маводи аввалияи зироатҳои хӯрокворӣ ва пас ҷамъоварии зироатҳои гандум ва ҷав, кишти дубараи ҷуворимакка, лубиёгиҳо, картошка, сабзӣ, лаблабуи қанд, турб, шалгам ва ҳоказо дар мусоҳибаҳоям дар телевизиони вилояти Ленинобод (Суғд), рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод», «Наҷот», дар барномаҳои пешазинтихоботии МН МО, ба вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ ва вилоятии солҳои 1995, 2000, 2002, 2005, 2010 иброз дошта будам, ки дар ноҳияҳои Ашт, Масчоҳ, Зафаробод аз ҳисоби заминҳои кишти пахта, кишти галладонагиро зиёд карда шавад. Зеро муаммои зироатҳои галладонагиҳо, аз он рузе, ки истиқлолиятро ба даст овардем вуҷуд дорад. Камбуди дар он аст, ки масъулин ба дарди миллат расидагӣ карда натавонистанд. Вақте, ки кишти зироатҳои ғалладонагӣ зиёд карда мешавад, на танҳо аҳолиро бо маводи хурока таъмин мекунем, балки барои нигоҳ доштани чорво ва паррандапарварӣ ҳам шароити фароҳам ба вуҷуд меояд. Вақте, ки барои чорводорӣ ему хошок бо нархи арзон (яъне ҷав, сабус ва коҳ) тайёр мешавад, мардуми шаҳри Хуҷанд ва атрофи он, аҳолии вилояти Суғд ва қисман шаҳри Душанберо бо гӯшту равған таъмин мекунанд. Масъулини Ҳукумат бояд на танҳо барои кишти пахта ҳама қувваи худро сафарбар намояд. Балки ба кишти ғалладонагиҳо эътибори ҷиддӣ дода шавад. Сол аз сол кишти ғалладонагӣ зиёд карда шавад.
Ҳар сол тахминан аҳолии кишвар 200-220 000 нафар афзуда истодааст. Бо баробари афзудани аҳолӣ, талабот ба маҳсулоти озуқаворӣ ҳам афзоиш меёбад. Ҳаёт нишон дода истодааст, ки ҳар сол нархи маҳсулоти хӯрокворӣ боло рафта истодааст. Як халта орди 50 килограмӣ 220 — 240 сомонӣ, баъзан то 280 сомонӣ бардошта мешавад, 1кг гӯшти гов аз 50 с. то 60 сомонӣ, 1л. равғани растанӣ то 14 — 15 сомонӣ, картошка 4 — 5 сомонӣ, 1кг пиёз 3,5 — 4 дар баъзе ноҳияҳо то 5 сомонӣ, 1кг гречка 11- 13 сомонӣ, 1кг макарон 7 — 8 дар ноҳияи Панҷакент то 12 сомонӣ, як ячейкаи тухми 30 донагӣ, аз 16 — 17 сомонӣ ба 30 — 35 сомони боло рафт. Аз рӯи маълумоти омори давлатӣ 33-35 %-и аҳолии ҷумҳурӣ камбизоат буда аз 400с. то 700 сомонӣ моҳона мегиранд. Дар як оила як нафар кор мекунанд, 4 — 5 нафар чи хел зиндагони мекунанд. Паст будани зиндагонии аҳолӣ вобаста ба набудани ҷои корӣ аст. Қувваи кори дар ҷумҳурӣ 5 790 000 нафар, аз ин миқдор Ҳукумати ҷумҳурӣ 2 720 000 нафарро ба кор таъмин мекунад. Зиёда 3 070 000 нафар қувваи кори дар дохили кишвар бекор аст. Дар вилояти Хатлон, баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд, зиндагии аҳолии деҳот хело вазнин аст.
Ҳукумати ҷумҳурӣ оиди озод намудан, аз боҷи гумрукӣ ва андоз вориди чорво, маҳсулоти гӯштӣ, хӯроки чорво ва парранда парварӣ қонуне ба тасвиб расонд. Ин фоли нек аст. Вале вориди чорво кори саҳле нест, вақти тулониро талаб мекунад. Ҳукумати ҷумҳурӣ муваққатан бояд, воридоти ғалла, равған ва шакарро ҳам аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод намояд, ба манфиати халқ аст. Ва ҳам ҳарчи зудтар масъулин, оиди зиёд намудани кишти ғалла ва чорвои ширию гӯштӣ даст ба кор гиранд.
Дар соли 1991, аҳолии Тоҷкистон, 5 401 000 нафар буд, дар моҳи феврали соли 2020, аҳолӣ қариб 9 400 000 нафар буда, дар тӯли қариб 30 — соли истиқлолият аҳолии кишвар 4 000 000 нафар изофа шуд. Бо баробари афзудани аҳолӣ, мебоист ғами озуқаворӣ ва истеҳсоли он дар дохили Тоҷикистонро мехурдем.
Яке аз маҳсулоти талаботи ҳаррӯзаи миллат тухми мурғ дар тӯли 1,5 — сол, арзиши он ду баробар қиммат шуд. Соли 2019, нисбати соли 2018, воридоти тухм кам шуд, ҳамагӣ 32 млн тонна тухм ворид шуд. Ширкатҳои мурғпарварии дохилӣ, соли 2019, 550 млн тонна тухм истеҳсол намуданд, ки талаботи дохилиро қонеъ гардонида наметавонад. Барои қонеъ гардонидани аҳолиро бо донаи тухм ба ҳисоб гирем, 1 млрд дона тухм лозим. Солҳои пеш тухм аз кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, қисман аз Қазоқистон ва хело бо вақти кам аз Ӯзбекистон ворид намуданд.
Ҳамин тавр дар Тоҷикистон маҳсулоти дохилӣ аз сабзавот пиёзу сабзи, зардолу дар Тоҷикистони Шимолӣ ва ангур дар Тоҷикистони Ҷануби талаботро қонеъ карда метавонаду халос. Барои рушду нумӯъи соҳаи хӯрокворӣ, кишти талаботи ҳаррӯзаи аҳолиро зиёд намудан зарур аст. Пас оҳиста-оҳиста, тухмиҳои сифати аъло доштаи зироатҳои ғалладонагиҳо, яъне гандум, ҷав, ҷуворимакка ва шолиро пайдо кардан зарур аст. Бо маҳсулоти ана ҳамин чор намуди зироат аҳолиро таъмин намоем, сол аз сол ҳамаи намуди хурокворӣ арзон шудан мегирад. Чунки ин чор намуди зироат, ба чорвои ширию гӯштӣ ва мурғпарварӣ, ему хошок ва донро таъмин менамояд.
Дар интиҳо ба масъулин муроҷиат менамоям, аз ҳадафи севуми стратегии озуқаворӣ даст ба кор бигиранд. Аграрӣ ба кишвар дар ҳамон вақт мегӯянд, ки агар аҳолии худро бо маҳсулоти аграрӣ (кишоварзӣ),таъмин карда тавонад ва ба хориҷи кишвар маҳсулоти кишоварзиро содир намояд. Давлати мо давлати аграрӣ — саноатӣ не, балки муҳоҷирӣ — агросаноатӣ аст. Зеро даромади асоси аз ҳисоби пули муҳоҷирон аст. Дар соли 2019 танҳо аз Русия қариб 3 млрд доллар, агар аз давлатҳои Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Белорусия, Иттиҳоди Аврупо ва Қатар 1млрд доллар ворид шавад ҳамагӣ, дар соли 2019 аз ҳисоби муҳоҷирони меҳнати қариб 4 млрд доллар ба ҷумҳурӣ пул ворид мешавад, ки ин қариб 1,5 баробари буҷаи солона аст.
Барои таъмини аҳоли бо озуқаворӣ якчанд пешниҳодҳо дорам:
— аз ҳисоби замини харобгаштаи кишти пахта, ҳар соле аз 5% то10% кишти зироати ғалладонагӣ зиёд карда шавад;
— кишти галладонагиро бо поруҳои маҳаллӣ, минералӣ ва техникаи кишоварзӣ таъмин карда шавад;
— вақте, ки 15-20% замини кишти ғалладонагӣ зиёд карда мешавад,заминҳоро киштгардон намуда, ба дигар зироатҳои ба чорводорӣ зарури иваз карда шавад;
— муваққатан кишти галладонагиро аз андоз озод намуда, барои заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, нархи барқ арзон карда шавад;
То таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хӯроквории дохилӣ, воридоти ғалла, равған ва шакар аз боҷи гумрукӣ ва андоз озод карда шавад;
— дар назди шаҳрҳои саноатӣ — Душанбе, Хуҷанд фермаҳои давлатии чорводории ширию гӯштӣ барқарор карда шавад.
Ёқубов Дадоҷон.