Рубрики Хабарҳо

Тасмими Бонки Миллӣ кишварро вориди бӯҳрони нави асъор кардааст

Иқдоми навбатии Бонки миллӣ мабнӣ бар назорати интиқоли асъор аз хориҷ кишварро ба як бӯҳрони дигари асъор ворид кардааст. Муҳоҷирон намедонанд пулҳояшонро чӣ гуна ба Тоҷикистон фиристанд, чун шабакаҳои маъруфи интиқоли пул аз қабили “Золотая Корона” ва “Вестерн Юнион” аз қабули маблағ барои интиқол худдорӣ мекунанд. 

Ҳазорҳо хонаводаи муҳоҷирон чанд рӯз аст, ки мутазири пули пайвандонашон ҳастанд, аммо мушкили эҷодкардаи бонки миллӣ роҳҳои интиқоли пул ба кишварро тақрибан бастааст. То охири ҳафтаи гузашта танҳо тавассути “Юнистрим” интиқоли маблағ имкон дошт. Дар баъзе бонкҳо ба муштариён гуфтаанд аз имрӯз “Контакт” низ ба системаи нави Бонки миллии Тоҷикистон пайвастааст. Аммо дар “руйхати низомҳои пардохтие, ки ҳуқуқи анҷом додани амалиёти интиқолиро дар қаламрави Тоҷикистон доранд” дар сомонаи Бонки Миллӣ танҳо номи “Юнистрим” зикр шудааст. Аз тарафи дигар ин ду ширкати интиқолӣ маъруфияти чандоне дар Тоҷикистон надоранд.

Сокина Азизова, як сокини Душанбе мегӯяд рӯзи ҷумъа, 29 ноябр хостааст 1000 рубл аз як панҷҳазоррублии русиро ба сомонӣ иваз кунад. Аммо бинобар вуҷуд надоштани пули русӣ дар бонкҳо, дар 8 шӯъбаи бонкҳои кишвар натавонистаанд барои купюраи 5000-рублии ӯ бақия пайдо кунанд.  

Дар бонкҳо ба ӯ гуфтаанд чанд рӯзи охир ҳеҷ кас аз Русия маблағ намефиристад, бинобар ин дар хазина пули русӣ вуҷуд надорад. 

Қаблан Бонки Миллӣ ивази асъор дар нуқтаҳои шахсиро манъ карда, ин салоҳиятро танҳо дар бонкҳо боқӣ гузошт. Ин кор боиси пайдошавии бозори сиёҳи ивази асъор ва ба он кӯчидани миллиардҳо доллар арзи хориҷӣ гардид, ки дар натиҷа кишвар ба камбуди асъор мувоҷеҳ шуд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *