Дар ҳоле, ки расонаҳои расмӣ дар Эрон бо интишори нақли қавлҳое аз мақомҳои огоҳи амниятӣ ва низомӣ фарзияҳои аввалияи мабнӣ бар вуқӯъи инфиҷор ва заминларза дар Хуррамободро рад кардаанд, ду расонаи исроилӣ рӯзи сешанбе муддаӣ шуданд, ки садои маҳиб ва ларзиши заминӣ, ки шаби душанбе дар Хуррамобод шунида ва эҳсос шуда, ношӣ аз вуқӯъи инфиҷор буд.
Шабакаи телевизионии i24news, ки дар Тел-Авив мустақар аст ва ба се забон фаронсавӣ, англисӣ ва арабӣ пахш мешавад, бар асоси “бархе гузоришҳо” эълом кард, ки “Моссад пойгоҳи “Имом Алӣ”-ро бо истифода аз паҳподҳои бомбагузорӣ шуда ҳадаф қарор додааст.”
Пештар хабаргузории Тасним, наздик ба Сипоҳи Посдорони Эрон гузориш дода буд, ки пойгоҳи “Имом Алӣ”, ки дар 15 километрии ғарби Хуррамобод воқеъ шуда, дорои як таъсисоти зерзаминии мушакӣ ва паҳподӣ аст.
Дар октябри соли 2010 низ вуқӯъи инфиҷор дар пойгоҳи “Имом Алӣ”-и Хуррамобод гузориш шуда буд; Инфиҷоре, ки далели он ҳеҷ гоҳ равшан нашуд вале мутобиқи гузориши расмии Сипоҳи Посдорон 18 кушта ва 14 маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.
Рӯзномаи исроилии The Times of Israel ҳам рӯзи сешанбе дар гузорише навишт: “мушакҳои “Шиҳоб 3”, ки дар пойгоҳи зерзаминии “Имом Алӣ” мустақаранд, метавонанд хоки Исроилро ҳадаф қарор диҳанд.”
Ин рӯзнома ба нақл аз Ирфон Фард, муҳаққиқи умури амниятии Ховари Миёна, ки муқими Иёлоти Муттаҳида аст, навишт “ин ҳодиса метавонад як амалиёти муваффақиятомез, ки тавассути Ожонси ҷосусии Исроил, Моссад анҷом шуда, бошад.”
Ин рӯзнома ҳамчунин бо ишора ба гузоришҳои ғайрирасмӣ ва таъйиднашуда, фарзияи истифода аз паҳподҳои таҳоҷумиро дар ҳамлаи эҳтимолии Моссад ба пойгоҳи Имом аАӣ матраҳ кард.
Хабаргузории Тасним шаби душанбе хабар дод, ки ҳаволи соати 10 шаб таконҳои шадид ҳамроҳ бо садои маҳиб мӯҷиби эҷоди тарсу ваҳшат ва бар ҳам задани оромиши шабонаи мардум дар бахшҳое аз шаҳри Хуррамобод шуд. Пас аз ради фарзияи вуқӯъи заминларза, эҳтимоли рухдоди инфиҷор матраҳ шуд вале “мақомҳои огоҳи амниятӣ ва низомӣ” дар гуфтугӯ бо расонаҳои Эрон, ин эҳтимолро низ рад карданд. Ҳанӯз натоиҷи таҳқиқоти Эрон дар мавриди маншаи шунида шудани садои муҳиб дар Хуррамобод эълом нашудааст.