Рубрики Хабарҳо

Гардиан: Русия аз силоҳҳои қочоқшуда аз Эрон барои ҷанг дар Украина истифода мекунад

Рӯзномаи бритониёии Гардиан рӯзи сешанбе 12 апрел ба нақл аз бархе манобеъи наздик ба шибҳинизомиёни ироқӣ навишт, ки Эрон аз тариқи “шабакаҳои махфӣ”-и худ дар Ироқ ва аз роҳи қочоқ, силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ба дасти Русия мерасонад. 

Гардиан аз қавли “аъзои шибҳинизомиёни ироқии мавриди ҳимояти Эрон ва сервисҳои иттилоотии минтақаӣ, ки аз ин раванд огоҳ ҳастанд”, навиштааст, ки тарафи русӣ муҳиммот ва сахтафзори низомии мавриди ниёз барои амалиёти ҷангии худ дар Укроинро бо кумаки шабакаҳои қочоқи силоҳи Эрон дарёфт мекунад. 

Ин рӯзнома ҳамчунин ба иттилооте даст ёфта, ки бар пояи он, RPJ ва мушакҳои зидди тонк ва ҳамчунин сомонаҳои мушакандози тарроҳишуда дар Бразилия аз Ироқ ба Русия фиристода шудаанд, зеро тавони Русия дар ҷараёни ҷанг Укроин дар моҳи гузашта поён рафтааст. 

Гардиан менависад як сомонаи мушакии “Бовар-373” сохти Эрон низ, ки мушобеҳи сомонаи АС-300 русӣ аст, аз сӯи мақомоти Теҳрон ба Маскав эҳдо шудааст. 

Дар сурати сиҳати ин гузориш, истифода аз равиши қочоқи таслиҳот нишондиҳандаи тағйире чашмгир дар роҳбурди Русия аст, зеро Маскав бо вуҷуди таҳримҳои ҷадиди Ғарб дар натиҷаи ҳамла ба Укроин, акнун маҷбур шудааст ба Эрон, муттаҳиди низомии худ дар ҷанги Сурия такя кунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *