Президенти собиқи Лаҳистон ва барандаи ҷоизаи Нобел Лех Валенса гуфтааст, ки ба далели пандемияи коронавирусӣ ва адами бознишастагӣ ҷои кор меҷӯяд, розӣ аст, ки ба ҳайси устои барқ кор кунад.
Лех Веленса гуфтааст: «Ман кори иловагӣ меҷӯям. Зеро мо танҳо бо нафақа зиндагӣ мекунем. Қаблан дар донишгоҳҳои кишварҳои Ғарб барои хондани маърӯзаҳои илмӣ-сиёсӣ мерафтам, аммо вазъи пандемия маро аз чунин имконият маҳрум кард. Нафақа бошад, барои зиндагӣ кофӣ нест, зеро ҳамсари ман харҷ кардани пули зиёдро дӯст медорад » Президенти собиқ гуфт, ки ӯ бештар ба касби устои барқ мувофиқ аст, зеро дар ин соҳа таҳсил кардаву таҷриба дорад.
Сиёсатмадори 77-сола гуфт, ки пас аз ба нафақа баромадан ӯ 6000 злотий (1600 доллар) нафақа мегирад, аммо ҳамсараш дар як моҳ 7000 злотий сарф мекунад.
Қайд карда мешавад, ки музди миёнаи моҳона дар Лаҳистон (Полша) 4,9 ҳазор злотийро ташкил медиҳад.