Оё Эмомалӣ Раҳмон бемори равонӣ аст? Чаро ӯ, ки беш аз 25 сол аст дар раъси қудрат аст, ҳамеша камбудиҳо, нокомиҳо ва мушкилоти даврони ҳокимияти худро ба табиат, вазъияти минтақа ва дигарон рабт медиҳад? Чаро ӯ солҳои охир мухолифин, бахусус ҲНИТ-ро ба таври бесобиқа дар суханрониҳояш мавриди ҳуҷум қарор медиҳад? Оё Э. Раҳмон маъсум аст? Чаро ӯ масъули аъмолаш набошад?
Мансур Фарҳанг, устоди улуми сиёсии Донишгоҳи Беннингтон, дар мақолае дар мавриди равоншиносии фарофиканӣ (Psychological Projection), ки дар хабаргузории ВВС мунташир шуд, мегӯяд: “Дар баҳсу ҷадалҳои сиёсии мунтақидон ва мухолифони режимҳои истибдодӣ, фарофикании соҳибони қудратро дуруғгӯй меноманд, вале бархе равоншиносон муътақиданд, ки бархе аз ҳокимони худкома гирифтори навъе аз бемории равонӣ (Psychopathology) мешаванд, ки яке аз паёмадҳои он буридагӣ аз бархе ҳақоиқ аст.”
Ӯ меафзояд: “Дуруғгӯ воқеъиятро медонад, вале барои беэътибор сохтани дигарон ё гурехтан аз пазириши масъулият хилофи онро баён мекунад. Ҳоло онки бемори равонӣ метавонад ба ончи мегӯяд, амиқан муътақид бошад ва барои исботи иддаояш аз таваҳҳум ва тавтеа истифода кунад.” Аз воқеъият дур нест, ки Эмомалӣ Раҳмон ба он чизҳое, ки дар мавриди худ ва дигарон мегӯяд, бовар дошта бошад.
Википедияи форсӣ вожаи фарофиканиро чунин таъриф кардааст: Фарофиканӣ ё фарозафканӣ (Psychological Projection) ноогоҳана нисбат додани аъмол, айбҳо ва майлҳои нописанди худ ба дигарон аст ва Зигмунд Фрейд, асабшиноси утришӣ, нахустин касе буд, ки ин баҳсро дар равоншиносӣ матраҳ кард.
“Юнг, равоншиноси номдори қарни 20-ум, мутолеоти васеъе дар мавриди фарофиканӣ ва бемории равонӣ дар Олмони давраи Гитлер ва Шӯравии давраи Сталин анҷом дод, ки барои пажуҳишгарони алоқаманд ба фаҳмидани гуфтору кирдори ҳокимони режимҳои тамомиятгаро қобили истифодааст. Яке аз натоиҷи мутолеоти Юнг ин аст, ки дар режимҳои мутлақандеш худшефтагии раҳбарон табдил ба эътиқод ба хатонопазирии онҳо мешавад, ки дифоъ аз мавқеъҳои худро ҳимоят аз ҳақиқат ва мунтақидону мухолифони худро ғуломони хоҷагони хориҷӣ ё фиребхурда медонанд.”- омадааст дар ин мақола.
Ин профессори улуми сиёсӣ мегӯяд: “Печидагӣ ва суръати тағйиру таҳаввул дар ҷомеаҳои модерн ба ҳадде ҳаст, ки иштибоҳ дар шарҳу тафсири воқеаҳои сиёсӣ иҷтинобпазир аст ва бар мабнои ин воқеъият натиҷа мегирад, ки раҳбарони худкома ва ҷазмандеш, ки худро орӣ аз хато мебинанд, мубтало ба бемории равонӣ (худшефтагӣ, таваҳҳум, тавтеабинӣ ва баландпарвозӣ) мешаванд ва аксуламали онҳо ба норизоятии ҷомеа иборат аз нобоварӣ, фарофиканӣ ва тавассул ба хушунат аст.”
Дар идомаи матлаб омадааст, ки дар режимҳои истибдодӣ, ки аз мардум фақат ҳимоят мехоҳанд ва ба ҳарими хусусии зиндагии афрод аҳаммияте намедиҳанд, ғолибан ангезаҳои мунтақидин зери суол бурда мешавад ва ононро гумроҳ ва омили беамниятии ҷомеа нишон медиҳанд. Дар ин гуна кишварҳо дигарандешон имкони дифоъ аз назариёти худро надоранд.
Ин профессор мегӯяд, ки соҳибони қудрат дар режимҳои худкома амалан ҳамчун моликони кишвар амал мекунанд ва аз онҷо ки ҳокимияти худро зарурати таърих ё фармони илоҳӣ медонанд, гуфтумони интиқодӣ ё ислоҳталабиро хиёнат ба ҳақиқати мутлақ ва иҷрои дастури душман меноманд.
Дар мавриди тарафдорони раҳбарони худкома ва тафсири амалкарди онҳо аз нигоҳи равоншиносӣ, муаллиф чунин мегӯяд: “Тарафдорони мутаассиби раҳбари биломунозеъ, ҳимоят аз мавзеъҳои ӯро вазифаи худ медонанд ва бар ин боваранд, ки ҳадафи раҳбар баровардани орзуҳои онон аст. Вақте ки як инсон ҳуввияти худро аз муҳаббат ба як раҳбар мегирад, ба мурури замон истиқлоли фикрии худро аз даст медиҳад ва ба ҷои таваҷҷуҳ ба воқеъият, мавзеъи раҳбарро аз они худ медонад.”
Бархе аз пажуҳишгароне, ки гуфтору кирдори Эмомалӣ Раҳмонро дар тули солҳои тулонии ҳокимияташ пайгирӣ кардаанд, муътақиданд, ки Э. Раҳмон аз ибтидо барои гурез аз пазириши масъулият ҳамеша нокомиҳо дар даврони ҳокимияташро ба авомили таърихӣ, табиат ва вазъияти ҷаҳонӣ рабт медод ва медиҳад.
Аммо он чизе, ки бесобиқа аст, ин аст, ӯ дар суханрониҳояш то соли 2015 бештар талвиҳан мухолифинро муқассири камбудиҳо медонист, вале пас аз соли 2015 ӯ мухолифин, аз ҷумла ҲНИТ-ро ба таври чашмгир ва бо зикри ном омили ақабмонии ҷомеа зикр мекунад.
Ба ақидаи таҳлилгарони ошно ба гуфтору кирдори Э. Раҳмон, бемории равонии ӯ ва худшефтагӣ ва тавтеабиниаш рӯз то рӯз меафзояд.