Комроншоҳ Устопириён ва Сомон Маҳмадбеков, ду варзишкори тоҷик, ки бояд Тоҷикистонро дар озмуни Grand Slam Hungary дар Венгрия намояндагӣ мекарданд, дар сабқат иштирок намекунанд.
Сафари ҳарду низ ба ин мусобиқаи пурнуфуз лағв шудааст. Яке бо далели набудани парвоз ва дигаре бо сабаби коронавирус натавонистанд дар сабқат ширкат кунанд
Ин хабарро аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон тасдиқ кардаанд.
Бино бар иттилои манбаъ, Комроншоҳи Устопириён бо сабаби лағви парвозҳои ҳавоӣ ба макони баргузории мусобиқа сафар карда натавонист.
«Инчунин бинобар сабаби ошкор шудани бемории COVID-19 дар бадани мураббии Сомон Маҳмадбеков ба ӯ низ иҷозат дода нашуд, то дар мусобиқа иштирок кунад», — омадааст дар иттилои манбаъ.
Ҳамин тавр аввалин мусобиқа оид ба дзюдо баъд аз эҳёи рақобатҳо аз намуди дзюдо бе иштироки паҳлавонон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Тибқи маълумоти сомонаи расмии Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар Гранд Слами Будапешт 459 варзишгар аз 69 давлат барои дарёфти роҳхати олимпӣ иштирок хоҳанд кард.
Президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер баргузории мусобиқаи Гранд Сламро рӯйдоди таърихӣ хондааст.
Чунин мусобиқаи рейтингӣ 11-13 декабр дар шаҳри Токиои Япония бо номи Tokyo Grand Slam 2020 доир мегардад. Пас аз чанд моҳи маҳдудият ниҳоят ҷаҳон дари худро ба сӯи оянда боз мекунад ва варзиш барои оғози марҳилаи нав беҳтарин тадбир мебошад.