Рубрики Хабарҳо

Озода Раҳмон ҳам ба додани фармонҳои махфӣ шурӯъ кардааст

Раиси дастгоҳи иҷроияи раисҷумҳури Тоҷикистон ва духтари раисҷумҳур Озода Раҳмон бо ирсоли як фармони махфӣ ба чанд вазорату хадамот дастур дода аз ворид шудани “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” пешгирӣ кунанд. Дар ин бора сойти “Кимиёи саодат” иттилоъ додааст. 

Зери мафҳуми “либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона” мақомоти Тоҷикистон маъмулан сатру ҳиҷоби занонро мефаҳманд ва дар назар доранд. Миниюбкаву футболкаҳои аз ноф боло ва дигар пӯшишҳои ғарбиро ҳарчанд бо забон иқрор мекунанд, ки ба фарҳанги миллии тоҷикӣ бегона аст, ҳаргиз алайҳи он мубориза набурдаанд.

Манбаъ ҳамчунин матни ин фармонро мунташир кардааст, ки ба шакли зер мебошад:

Махфӣ

Нусха аз протоколи

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аз 29 июли соли 2019

№7

Ш.Душанбе

29. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор, Вазорати корҳои дохилӣ (Раҳимзода Рамазон), Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (Ятиомв Саймумин), кумитаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим (Давлатзода Суоаймон), кор бо занон ва оила (Қосимзода Идигул), кор бо ҷавонон ва варзиш (Абдуллозода Аҳтам), телевизион ва радио (Шоҳиён Маҳмасаид), Хадамоти гумрук (Каримзода Хуршед), МД “Маркази исломшиносӣ”, Шӯрои уламои маркази исломӣ (Абдуқодирзода Саидмукаррам), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, раёсатҳои мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ (Файзуллозода Шараф), илму маърифат (Абдухолиқзода Лутфия), шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (Вализода Одинашоҳ):

— воридот ва фурӯши либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегонаро манъ намоянд (махфӣ);

32. Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз натиҷаи иҷрои супоришҳои мазкур ҳар се моҳ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намоянд.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раҳмон Озода Эмомалӣ

Имзо

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *